Вобаста ба татбиқи гранти президентӣ дар минтақаи Рашт санҷиш гузаронида шуд

Октябрь 19, 2024 14:50

ДУШАНБЕ, 19.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади гузаронидани мониторинги миёнадаврии грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд.

Бо мақсади самаранок истифода бурдани маблағҳои гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳм гузоштани занон дар рушди соҳибкории мамлакат дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи корӣ таъсис дода шудааст, ки татбиқи грантҳои президентиро мавриди санҷиш қарор медиҳад.

Гурӯҳи корӣ дар ноҳияҳои минтақаи Рашт фаъолияти гирандагони гранти президентиро санҷиш намуд.

Савриниссо Мирзоева дар ноҳияи Тоҷикобод ба занбӯриасалпарварӣ машғул аст. Ӯ соли 2023 бо маблағи 30 ҳазор сомонӣ гранти президентӣ оилаи занбӯри асалро зиёд намуд. Бо зиёд намудани оилаи занбӯри асал имрӯз даромади хуб ба даст меораду оила ва мардуми деҳаро бо асал таъмин менамояд.

Ба гуфтаи Савриниссо Мирзоева, онҳо занбӯри асалро асосан дар мавзеъҳои кӯҳии ноҳия парвариш карда, дар як сол беш аз 700 кг асали хуштаъми тоза ҷамъоварӣ менамоянд.

Бо мақсади рушди соҳаи занбӯриасалпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Иди асал гузаронида мешавад, ки зимни баргузории он занбӯриасалпарварон имкон пайдо менамоянд маҳсулоти худро дар намоишгоҳҳои ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ ба намоиш-фурӯш бароранд.

Савриниссо Мирзоева аз зумраи чунин занбӯриасалпарвароне аст, ки дар намоишу озмунҳо иштирок намуда, ҳосили меҳнати худ ва аъзои оилааро ба фурӯш мебарорад.

«Ба ҳамагон маълум аст, ки дар боду ҳавои минтақаи Рашт асали хушсифат истеҳсол мегардад. Ҳамин аст, ки талабот ба асали ин минтақа бештар аст»,- иброз дошт Савриниссо Мирзоева.

Гуландом Қурбонова аз ноҳияи Сангвор гирандаи гранти президентӣ дар соли 2023 мебошад. Бо мақсади рушди соҳаи кишоварзии мамлакат соли 2023 лоиҳаи худро дар ин самт пешниҳод намуда, 30 ҳазор сомонӣ маблағи гранти президентиро дастрас намуд.

Гуландом бо аъзои оила ва 5 зани хонанишин, ки онҳоро бо ҷойи кори мавсимӣ таъмин намудааст, ба картошкапарварӣ машғул аст.

Ӯ мақсад дорад, ки дар оянда фаъолияти кишоварзӣ ва соҳибкориашро васеъ намуда, занони хонанишинро бештар бо ҷойи кор таъмин намояд.

Ноҳияҳои Лахш, Тоҷикобод, Рашт, Нуробод ва Сангвор аз минтақаҳои аслии картошкапарварии ҷумҳурӣ ба ҳисоб мераванд, ки дар баробари таъминоти ноҳия ин маҳсулотро ба ноҳияҳои дигари ҷумҳурӣ низ содирот мекунанд.

Ҳунарманд Зубдахон Валиева 15 сол мешавад, ки ҳунарҳои миллӣ, хусусан қуроқдӯзиро дар минтақаи Рашт рушд медиҳад.

Ин зани ҳунарманд давоми фаъолияти худ имсол аввалин маротиба соҳиби гранти президентӣ гардид. Ӯ аз он хурсанд аст, ки ба воситаи гранти президентӣ, ки маблағи бебозгашт аст, метавонад фаъолияташро рушд диҳад.

«Ман мехоҳам, ки бо маблағи гранти президентӣ таҷҳизоти нав харида, сафи занони ҳунармандро дар ноҳия зиёд намоям», — иброз дошт Зубдахон Валиева.

Имрӯз аз ҳунари омӯхтааш ҳам оиларо таъмин мекунад ва ҳам байни занони ноҳия ҳамчун зани фаъолу ҳунарманди шинохта соҳиби иззату эҳтиром аст.

Ба воситаи ин ҳунар дастархон, чодари арӯсӣ, кӯрпаву кӯрпача, болиштпӯш ва чойникпӯш медӯзанд.

Зубдахон Валиева дар ҳама чорабиниҳои маърифатии ноҳия ва минтақа иштирок намуда, ба ҷавондухтарон ҳунарҳои миллии қадимии халқи тоҷикро дар замони ҷаҳонишавӣ бо диди муосир меомӯзонад.

Сабоҳат Тоҳирова бо маблағи 30 ҳазор сомонӣ гранти президентӣ гармхона ташкил намуда, 3 зани хонанишинро бо ҷойи кори доимӣ таъмин намуд.

Онҳо дар гармхона маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили помидор, булғорӣ, бодиринг ва қаламфурро дар ҳама фасли сол парвариш мекунанд.

Ҳамчунин аз маҳсулоти тару тозаи истеҳсолнамудаи худ барои фасли зимистон хӯришҳо омода менамоянд.

«Гармхонаи мо, ки пурра ба талабот ҷавогӯ нест, тасмим гирифтем, ки бо маблағи гранти президентӣ масоҳати онро калон намуда, мутобиқ ба стандартҳои замонавӣ маҳсулот парвариш намоем»,-баён дошт Сабоҳат Тоҳирова.

Ёдовар мешавем, ки аз ноҳияҳои минтақаи Рашт соли 2023 9 нафар ва соли 2024 8 нафар соҳиби гранти президентӣ гардиданд.

Маблағи ин грантҳо соли 2023 295 ҳазор сомонӣ ва соли 2024 220 ҳазор сомониро ташкил дод.

Ҷудо гардидани грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди фаъолияти соҳибкории занон, давра ба давра фароҳам гардидани имконияти фарохтар барои ривоҷ додани ин амали барои иқтисоди миллӣ муҳим ва таъсиси ҷойҳои нави кор, инчунин ба касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб гардидани занони хонанишин мусоидат менамояд.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 19, 2024 14:50

Хабарҳои дигари ин бахш

АЗ СЕ ЯК ҲИССАИ УМРИ ИНСОН ДАР ҶОИ КОР МЕГУЗАРАД. Ва ё ба кормандон муҳайё намудани шароити хуби меҳнат зарур аст
АВВАЛ ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ, БАЪДАН ҲУВИЯТИ ДИНӢ. Тоҷик касест, ки худро вориси тамаддуни ниёгон медонад
ТАНИ СОЛИМ МАҲСУЛИ АҚЛИ СОЛИМ АСТ. Ва ё чаро баъзе доруҳо ба саломатии инсон зарари ҷиддӣ мерасонанд?
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
ПАСТ КАРДАНИ ХАВФИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Соли 2025 аъзои 174 хоҷагӣ ба ҷойҳои бехатар кӯчонида шуданд
Ифлосшавии ҳавои атмосферӣ ба саломатии инсон чӣ таъсир мерасонад?
Президенти Тоҷикистон ба хонаводаи афсари ҷонфидои миллат хонаи истиқоматӣ тақдим намуданд
Дар Тоҷикистон ҳавои моҳи январ чӣ гуна мешавад?
«МАҚОМИ ЗАН ДАР МЕҲВАРИ ПАЁМ». Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши занону духтарон баргузор гардид
Намнокии баланди ҳаво сабаби пайдоиши туман мегардад
«МАН АВВАЛ ТОҶИКАМ, БАЪД МУСАЛМОН!». Андешаҳо оид ба таносуби арзишҳои миллӣ ва динӣ дар фарҳанги тоҷикон
Дар ноҳияи Рӯдакӣ дар масофаи 900 метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд