«ЗАБОН-ПОСДОРИ ҲАСТИИ МИЛЛАТ». Таҳти ин унвон дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш доир гардид
ДУШАНБЕ, 03.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. «Роҳи асосии ҳифзу нигаҳдошт ва рушду таҳкими забони модарии мо дар ҷаҳони имрӯза аз муносибати самимонаю содиқонаи соҳибзабонон ба ганҷинаи вожагону истилоҳоти забон, ки давоми ҳазорон сол фароҳам омадааст, ибтидо мегирад. Он бо кӯшиши ҳамвора барои истифодаи ин дороӣ дар ҳама соҳаҳои илму фан, ҳаёти ҷомеа ва дар ҳамин замина пайванд додани гузаштаи забон ба имрӯзу фардои он идома меёбад»,-чунин изҳор дошт Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода зимни баргузории ҳамоиш таҳти унвони «Забон- посдори ҳастии миллат».
Забони модарии мо бо таҷриба ва ганҷинаи ғании луғавии давоми ҳазорон сол анбоштаву андӯхтаи худ барои истифода дар ҳама соҳаҳо имконоти кофӣ дар ихтиёр дорад. Илова бар ин, Истиқлоли давлатӣ барои истифодаи забон дар ҳамаи ҷабҳаҳо роҳ кушода, Ҳукумати мамлакат барои пешрафти забон пайваста тадбирҳои амалии судманд меандешад.
Ба андешаи Хайриддин Усмонзода, дар ин раванд давра ба давра барномаҳои рушди забони давлатӣ таҳия, тасвиб ва амалӣ карда мешаванд. Аз ҷумла, “Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 – 2030”, ки 29 ноябри соли 2020 қабул гардид, дурнамои рушди забони моро барои даҳ соли оянда дар бар гирифта, ба татбиқи муваффақонаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» равона шудааст.
Бояд гуфт, ки 5 октябри соли 2009 бо назардошти воқеияти замони соҳибистиқлолӣ ва давлатдории миллӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» қабул карда шуд. Ин санаи муҳим Рӯзи забони давлатӣ эълон гардид ва ҳар сол аз ҷониби соҳибзабонон, яъне мардуми шарифи Тоҷикистон таҷлил карда мешавад.
АКС: Хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти стратегиии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд






