35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Мастчоҳ кӯдакистон, Қасри ҷавонон ва бинои нави беморхона ба истифода дода мешавад

Ноябрь 25, 2024 15:19

ДУШАНБЕ, 25.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии ба номи Фирдавсии деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ сохтмони кӯдакистон барои 300 нафар ба тариқи ҳашар идома дорад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ.

Кӯдакистон дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ободшавии Дашти Дилварзин ба нақша гирифта шуда,  бо дастгирии соҳибкорон, ашхоси саховатманд ва аҳолии маҳал сохта мешавад.

Тибқи лоиҳа, бинои кӯдакистон аз ду ошёна иборат буда, барои 300 нафар тарбиягиранда ба нақша гирифта шудааст.

Ҳамарӯза беш аз 100 сокини маҳал дар сохтмони кӯдакистон иштирок менамояд.

Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ дар ноҳия сохтмони бинои нави Беморхонаи марказӣ идома дорад. Иншоот дар ҳудуди Беморхонаи марказӣ сохта шуда, аз 4 ошёна ва таҳхона иборат мебошад.

Дар беморхона ҳамчунин барои қабули беморон 8 шуъба ва 250 кат пешбинӣ шудааст. Маблағгузори иншоот Идораи сохтмони асосии вилояти Суғд буда, пудратчии он Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сохтмон–З» мебошад. Маблағи умумии иншооти сохташаванда қариб 30 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Бинои нави беморхона моҳи сентябри соли 2025 ба истифода дода шавад.

Инчунин дар деҳоти Палдорак Қасри ҷавонон ба истифода дода мешавад. Сохтмони он ба итмом расида, корҳои рангуборкунӣ дар арафаи анҷомёбиянд.

Корҳои лоиҳакашии Қасри ҷавонони деҳоти Палдорак ҳанӯз соли 2013 оғоз гардида, сохтмони он асосан соли 2016 шуруъ шудааст. Иншот бо маблағгузории Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуда, пудратчии он Муассисаи давлатии «Иттиҳодияи илмию истеҳсолӣ оид ба муҳофизат ва таъмиру истифодаи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ»-и Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ мебошад.

Масоҳаи умумии бино 610 метри мураббаъ буда, аз ду ошёна иборат мебошад. Бино дорои ҳуҷраҳои барҳавои замонавӣ барои баргузории маҳфилҳои рубобнавозону доиранавозон, шашмақомсароӣ, рассомӣ ва ҳунармандӣ мебошад.

Бинои қаср дар умум аз 19 ҳуҷраи корӣ иборат буда, дар он ҳамзамон барои 200 ҷойи нишаст толори намоиш ва баргузории чорабиниҳо ба нақша гирифта шудааст. Дар ошёнаи 1-уми бино ҳуҷраи сарояндагон, нуқтаи нигоҳдороии либоси ҳунармандон ва ҳуҷраҳои техникӣ ҷойгир карда шудаанд.

Тибқи лоиҳа, бино моҳи марти соли 2025 ба истифода дода мешавад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ

Ноябрь 25, 2024 15:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар баъзе аз кӯчаҳои Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ мегардад
Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. 25 километр роҳи деҳаи Гулзори шаҳри Кӯлоб мумфарш карда мешавад
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Дар Мурғоб коргоҳи маҳсулоти қаннодии «Нозанин» ва 5 гармхона ба фаъолият шуруъ намуданд
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст
Дар назди муассисаҳои таълимии ноҳияи Ванҷ синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуд
50 километр роҳи деҳоти Ҳисор ва Ориён то сарҳади Узбекистон таъмир мегардад
Дар дарёи Ёхсу корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷараён доранд