4 нафар довталабони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» сазовори «Шоҳҷоиза»-и озмун гардиданд

Ноябрь 23, 2024 17:12

ДУШАНБЕ, 23.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор шуд, ки дар он 4 нафар довталабон сазовори «Шоҳҷоиза»-и озмун гардиданд, иттилоъ медиҳад, хабарнигори АМИТ «Ховар».

Аз ҷумла хонандаи синфи 11-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №51-и шаҳри Кӯлоб Малика Ҳасанова дар номинатсияи адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ сазовори Шоҳҷоиза гардид. Инчунин хонандаи синфи 9-и Мактаби Президентӣ дар шаҳри Хоруғ Шаина Мабатқадамова сазовори Шоҳҷоиза дар номинатсияи адабиёти классикии тоҷик, хонандаи синфи 11-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №69-и ноҳияи Восеъ Сабрина Шарифзода сазовори Шоҳҷоиза дар номинатсияи адабиёти муосири тоҷик  ва хонандаи синфи 3-и Гимназияи №4-и шаҳри Душанбе Асилабону Алимова сазовори Шоҳҷоиза дар номинатсияи адабиёти ҷаҳон шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки имсол аз 21 нафар ғолиби ҷойи якум 15 нафар барои дарёфти шоҳҷоизаҳои Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ариза пешниҳод намуда, байни ҳам дар чор номинатсия – кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ, адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик ва адабиёти ҷаҳон рақобат намуданд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 23, 2024 17:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Форуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон ва Беларус оғоз шуд
Дар деҳаи Корвони шаҳри Ваҳдат бинои нави муссисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
НАМУНАИ ИБРАТ. Заҳмати модар Фараҳбахши нобиноро ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» гардонид
Дар ноҳияи Балҷувон иншооти нави соҳаи маориф бунёд гардид
Вобаста ба ҳуқуқи меҳнат ва истифодаи меъёрҳои байналмилалии меҳнат вохӯрии минтақавии шарикони рушд доир шуд
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Чиндао Бинҳайи Чин Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Имрӯз ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷоизаҳо супорида шуданд
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор мегардад
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон масоили инфрасохтори рақамӣ барои ҳукумати электронӣ баррасӣ шуд
Даҳгонаи беҳтарин довталабон дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавии солҳои 2023-2024 муайян гардиданд
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Волидони ғолибони озмун сазовори нишони «Маърифатпарвар» гардиданд
Намояндагони Тоҷикистон дар конфронси ҷаҳонии рушди таҳсилоти касбӣ дар Чин иштирок намуданд