Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон бо Агентии байналмилалии энергияи атомӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонид
ДУШАНБЕ, 19.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. 18 ноябр дар ҳошияи Конфронси 29-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим байни Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии байналмилалии энергияи атомӣ Ёддошти тафоҳум «Дар бораи ҳамгироии обшиносии (гидрологияи) изотопӣ барои мониторинг ва идоракунии самараноки захираҳои обӣ дар минтақаҳои яхбандӣ» ба имзо расид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дар доираи ин санад омӯзиш ва эҷоди иқтидор барои ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумоти изотопӣ ва паҳнкунии он ва дигар масъалаҳо мавриди омӯзиш қарор мегиранд.
Инчунин бо мақсади мусоидат ба қабули қарорҳои аз ҷиҳати илмӣ асоснок оид ба идоракунии захираҳои обӣ таҳияи системаҳои огоҳкунии барвақтӣ дар асоси маълумоти изотопӣ амалӣ мешавад.
Дар ҷараёни вохӯрӣ Агентии байналмилалии энергияи атомӣ (МАГАТЭ) барои ҳамкории минбаъда дар самтҳои яхшиносӣ ва обшиносӣ (гидрология) бо Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори омодагӣ намуд.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Пагоҳ Форуми байналмилалии «Нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ» доир мегардад
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад






