Ҳайати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ дар конфронси байналмилалӣ дар Чин иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 25.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи ташаббуси «Як камарбанд — як роҳ» дар шаҳри Гуанҷоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин доир ба табодули академии донишгоҳҳои Чин ва давлатҳои хориҷӣ конфронси байналмилалӣ баргузор гардид. Дар он намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ хабар доданд.
Дар конфронси байналмилалӣ ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон профессор Убайдулло Асрорзода доир ба густариши робитаҳо ибрози назар намуд.
Зимни конфронс роҳбарияти донишгоҳ бо намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Мардумии Чин ва давлатҳои хориҷӣ бо тартиби «1:1» вохӯрӣ доир намуда, самтҳои ҳамкории донишгоҳро бо муассисаҳои иштирокдори конфронс баррасӣ намуданд.
Зимни вохӯрӣ масоили табодули академии донишҷӯёну омӯзгорон, самтҳои ба даст овардани бурсияҳои таҳсилии муассисаҳои таълимии Чин, иштироки донишҷӯён дар даврҳои забономӯзӣ, лагерҳои зимистонаву тобистона, баргузории чорабиниҳо ва лоиҳаҳои муштарак баррасӣ гардид.
АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон










Масато Канда бо имконоти таълимӣ ва инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «ITB Berlin 2026» муаррифӣ мегардад
Дар Машҳад имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Ховалинг – минтақаи сайёҳӣ. Соли 2025 ёдгориҳои таърихиву фарҳангии ноҳияро 73 ҳазору 90 сайёҳ тамошо кардааст
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе таҳти чунин унвон Фестивали гулҳо баргузор мегардад
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад
САЙЁҲИИ МОҲИДОРӢ. Тоҷикистон бо захираҳои обӣ барои рушди сайёҳии моҳидорӣ имконияти зиёд дорад
Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ба Тоҷикистон 1 миллиону 784 ҳазор сайёҳ ворид гардид
Рушди ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Британияи Кабир баррасӣ гардид
Ҷадвали «Тақвими чорабиниҳои Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе барои соли 2026» ба тасвиб расид






