Ҳайати Тоҷикистон дар Тайиланд масъалаи густариши сармоягузорию тиҷорат ва таҳкими муносибатҳои иқтисодиро баррасӣ намуд

Ноябрь 26, 2024 18:30

ДУШАНБЕ, 26.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари расмии ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шоҳигарии Тайиланд, ки 25-26 ноябр баргузор гардид, муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фируз Шарифзода бо президенти калонтарин бонки Тайиланд Bangkok Bank Чартсири Софонпанич доир ба имконияти сармоягузорӣ дар бахши молиявӣ: низоми бонкӣ ва суғуртаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни суҳбат ҷонибҳо доир ба густариши сармоягузорию тиҷорат ва таҳкими муносибатҳои иқтисодӣ мубодилаи афкор намуда, зарурати дар сатҳи сифатан нав ба роҳ мондани ҳамкории низоми бонкии давлатҳо, таъсиси филиали бонкии Bangkok Bank дар Тоҷикистон, инчунин кушодани суратҳисобҳои муросилотиро саривақтӣ арзёбӣ карданд.

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин бо вазири саноати Тайиланд Аканат Промпхан ва баъдан бо президенти Бонки содиротӣ ва воридотии Тайиланд (EXIMBANK) доктор Рэк Ворракитпокатор мулоқот анҷом дод.

Дар вохӯрии ҷонибҳо масъалаҳои мухталифи ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла дурнамои муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангӣ байни Тоҷикистон ва Тайиланд мавриди муҳокима қарор гирифт. Дар мулоқот ҷонибҳо изҳор доштанд, ки омодаанд ҳамкории ду давлатро бо амалӣ намудани барномаҳои муштарак дар бахшҳои саноат, энергетика, кишоварзӣ, рақамикунонӣ, тиб, сайёҳӣ ва дигар соҳаҳо тақвият бахшанд.

Ҳамзамон масъалаи иштироки Бонки содиротӣ ва воридотии Тайиланд дар лоиҳаҳои муҳимми бахшҳои саноат, энергетика ва кишоварзӣ баррасӣ шуд. Ҷонибҳо ба таҳкими ҳамкорӣ дар ин соҳаҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд.

Ҳайати Тоҷикистон инчунин бо муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Шоҳигарии Тайиланд хонум Кобкарн Ваттанаврангкул ва намояндагони Шурои савдои Тайиланд мулоқот намуда, вазъи кунунии иқтисоди давлатҳо ва имконияти нави тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ, бахусус дар соҳаҳои истихроҷи маъдан, энергетика, савдо, логистика ва истифодаи технологияҳои муосири зеҳни сунъиро баррасӣ карданд.

Дар маҷмуъ, байни ҷонибҳо муколамаи солим ва фарогири самтҳои гуногун оид ба ҷустуҷӯи роҳҳои нави ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ доир гардид.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Ноябрь 26, 2024 18:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1020 то 0.1125 сомонӣ муқаррар шудааст
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид