Ҷаласаи гурӯҳи кории байниидоравии Шурои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд

Ноябрь 5, 2024 11:42

ДУШАНБЕ, 05.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. «Таъмини амнияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ»- таҳти ин унвон дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи гурӯҳи кории байниидоравии Шурои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон итттилоъ доданд.

Дар ҷаласа аз ҷониби масъулини Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ дар мавзуъҳои «Вазъи низоми энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Муаррифии барномаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия» ва «Арзёбии сиёсати иқтисодӣ барои беҳтар намудани идоракунӣ» рӯнамоҳо пешниҳод шуданд.

Дар ҷамъбаст доир ба масъалаҳои баррасишуда табодули назар доир шуда, таклифу пешниҳодҳо манзур гардиданд.

АКС:Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Ноябрь 5, 2024 11:42

Хабарҳои дигари ин бахш

«WORLDEF-DUBAI 2024». Дар Павилиони миллии Тоҷикистон беш аз 300 намуд маҳсулоти саноатию кишоварзӣ ба намоиш гузошта шудааст
Сарвазири Тоҷикистон бо роҳбари ҶДММ «Ширкати байналмилалии Течен оид ба захираҳои табиии ноҳияи мухтори Синзиян-Уйғур»-и Чин мулоқот анҷом дод
Сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар конфронси «Закот, Андоз ва Гумрук 2024» иштирок намуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо заминҳои кишт ва ниҳолхонаю гармхонаҳои Ҳисор шинос гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Миср дар соҳаи энергетика ва захираҳои об баррасӣ шуд
Дар Душанбе якумин «Ҷоизасупории миллӣ дар самти тиҷорати рақамӣ (e-commerce)» баргузор мегардад
Байни Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд созишномаҳои грантӣ ба имзо расиданд
Байни Тоҷикистон ва Миср Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкорӣ ва ёрии байниҳамдигарӣ дар масъалаҳои гумрукӣ ба имзо расид
Дар Душанбе Форуми соҳибкории Тоҷикистон ва Миср доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ БОНКҲО. Бонки миллии Тоҷикистон дар таъмини рушди иқтисодиёти миллӣ нақши назаррас дорад
Дар Намоишгоҳи байналмилалии «WORLDDEF-Dubai 2024» Павилиони миллии Тоҷикистон ташкил шудааст
Дар Душанбе Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Миср оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор гардид