ҲАМИН КОНСТИТУТСИЯРО ҚАБУЛ ВА ЭЪЛОН МЕНАМОЕМ! Дар он ормонҳои миллии мо таҷассум ёфтаанд

Ноябрь 5, 2024 15:53

ДУШАНБЕ, 05.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҳар сол дар Тоҷикистон 6 ноябр чун Рӯзи қабули Конститутсия таҷлил мешавад. Имсол мо 30-солагии қабули бахтномаи миллат — Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил мекунем.

Дар Қонуни асосӣ ормонҳои ҳазорсолаи миллати мо дарҷ шудаанд. Ин аст, ки дар дебочаи он ҳадаф, ормон ва масъулияти ҳар фарди соҳибватан дарҷ гардидааст:

МО, ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН,

қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор дода,

ҲАМИН КОНСТИТУТСИЯРО ҚАБУЛ ВА ЭЪЛОН  МЕНАМОЕМ.

Ҳамватанони мо огоҳ ҳастанд, ки дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон буҳронҳои шадиди сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоиро аз сар гузаронид. Дар чунин шароити буҳронӣ иродаи қавии сиёсии Пешвои миллат ва азми устувори халқи Тоҷикистон буд, ки бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Тоҷикистон қабул гардид. Қабули ин санади муҳим бешубҳа, ормони ҳазорсолаи миллати тоҷик буд. Ин аст, ки дар дебочаи Қонуни асосии мамлакат  ҳадаф, ормон ва масъулияти ҳар фарди соҳибватан дарҷ гардидааст.

Конститутсия ормони беш аз ҳазорсолаи миллати мо аст. Муҳимияти ин қонуни асосӣ дар он аст, ки дар асоси он мо худамон тақдири имрӯзу ояндаи худро ба дасти худ рақам мезанем. Мо дигар дар асоси конститутсияву қонунҳои кишвари дигар амал намекунем. Аз ин хотир Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло мефармояд:

Ин ҳазоронсола армон буд,
Бонги нанг, овои имон буд!
Дар раги ҳар вожаву ҳар ҳарф,
Хуни гарми миллату меҳан намоён буд!

Пешорӯи ҳар тоҷики баномус, тоҷике, ки доштани давлати миллӣ орзуи ҳазорсолааш буд, Конститутсияи Тоҷикистон ҳам ифтихори баланд ва ҳам масъулияти азим аст. Танҳо худи моддаи 1-уми Конститутсия бузургтарин дастоварди миллии мо аст! Онро ҳар ҳамватани мо бояд хонад, азёд кунад, дарк кунад ва ба қадраш расад! Дар ин модда омадааст: “Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад”.

Барои ҳамин модда миллати мо садҳову ҳазорҳо қурбонӣ додааст. Фарзандони фарзонаи миллати мо Нусратулло Махсуму Шириншоҳ Шоҳтемур барои ба миён омадани ҳамин маънӣ қурбон шуданд. Барои ҳамин соҳибистиқлолӣ ва соҳиби давлат шудан ба пушти устод Айнӣ 75 чӯб заданд. Ин суханонро барои чӣ мегӯем? То  мо дарк кунем, ки соҳиби давлату соҳиби Конститутсия шудан ба мо ба осонӣ муяссар нашудааст. Ҳамарӯза мо шоҳиди ҷангу кашмакашҳо дар Шарқи Наздик ҳастем. Ҳамаи он қурбониҳое, ки мебинем, барои бунёди давлати миллӣ аст. Баъзе аз миллатҳои олам садсолаҳо дар орзуи ҳамин ҳадаф ҳастанд, ҳазорон нафар, чӣ зану чӣ кӯдак қурбонӣ медиҳанд, аммо барояшон бунёди давлат муяссар намешавад. Бинобар ин, мо бояд ба қадри Истиқлоли давлатӣ расем. Чунки ҳаёти осудаи мо, тинҷиву осоиштагии мо, хушбахтии оилавии мо ва ҳатто тоату ибодати хотирҷамъонаи мо дар натиҷаи ҳамин соҳибдавлатӣ ба даст меояд.

Дуруст аст, ки дар вақти муҳокимарониҳо пеш аз қабули Конститутсия гурӯҳҳои муайяне қотеъона ба моҳияти дунявӣ доштани давлат зиддият нишон медоданд. Манфиатхоҳоне қатъан розӣ набуданд, ки Тоҷикистон як давлати дунявӣ ва ҳуқуқбунёди демократӣ бошад. Ҳоло ҳам онҳо бо ин моҳият созиш накардаанд. Ҳамин ҳолат ва ҳамин хатар моро водор месозад, ки бо тамоми роҳу воситаҳо, ҳатто ба арзиши ҷони худ моҳияти дунявӣ, демократӣ ва ҳуқуқбунёду ягонагии давлати худро ҳифз намоем. Танҳо бо ҳамин роҳ мо ба наслҳои оянда мулки ободу озод ва пешрафтаю мутараққӣ боқӣ гузошта метавонем. Дар акси ҳол, агар бепарвоию кӯтоҳӣ кардем, ҳамеша мавриди накӯшиҳу носазо ва нафрати наслҳои оянда қарор хоҳем гирифт.

Дар шароити кунунии ҷаҳони муосир маҳз ҳамин низоми дунявии давлатдорӣ қодир аст ҳуқуқу озодиҳои яксонро барои пайравони ҳамаи дину эътиқод фароҳам оварад. Масалан, ҳарчанд низоми давлати мо дунявӣ аст, аммо масоили дину диндорӣ ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои эътиқодии мардум дар меҳвари қонунгузории миллии мо қарор дорад. Дахлнопазир будани ҳуқуқҳои фитрии инсон дар моддаи 5-ум ва ҷудо будани ташкилоти динӣ аз давлат дар моддаи 8-ум зикр мешавад. Дар моддаи 26-уми Конститутсия таъкид мешавад, ки ҳар кас ҳуқуқ дорад, ки муносибати худро мустақилона ба дин муайян намояд.

Дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба Конститутсияи мамлакат бо роҳи раъйпурсии умумихайлқӣ якчанд маротиба тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд, ки бори охир чунин тағйиру иловаҳо соли 2016 аз тариқи раъйпурсии мардумӣ ба Конститутсияи Тоҷикистон ворид гардида буд. Яке аз он иловаҳои воридгардида қисми 6 моддаи 8-и Конститутсия мебошад, ки тибқи он “дар Тоҷикистон фаъолияти ҳизбҳои сиёсии дигар давлатҳо, таъсиси ҳизбҳои дорои хусусияти миллӣ ва динӣ, инчунин маблағгузории ҳизбҳои сиёсӣ аз ҷониби давлатҳо ва созмонҳои хориҷӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ манъ аст”.

Воқеан, вақт собит кард, ки беҳтар аст дини мубини Ислом ва мазҳаби таҳаммулгарои ҳанафӣ аз ҳар гуна сиёсишавӣ ва мавриди суиистифода қарор гирифтан аз ҷониби манфиатхоҳону бозигарон пок бимонад.

Имрӯз дар партави Конститутсия ҳамватанони мо дар фазои озоду ором фаъолияти диниву эътиқодии худро анҷом медиҳанд. Таҷрибаи талхи гузаштаи мо, ҳодисаҳои солҳои 90-ум ва ҳаводиси даҳшатбори ҷаҳони ислом дар даҳсолаҳои охир бори дигар нишон дод, ки маҳз низоми дунявии давлатдорӣ дини мубини исломро аз ҳар гуна олудагиҳо ба сиёсати қудратҳои ҷаҳонию минтақавӣ ҳифз карда, ба пайванд ёфтани он бо экстремизму терроризм роҳ намедиҳад. Бинобар ин, низоми дунявии давлатдории мо ҳамчун василаи таҳкими сулҳу суботу таҳаммулгароӣ дар ҷомеа бояд беш аз пеш ҳифз карда шавад.

 Абдуғаффор ЮСУФОВ,
сардори шуъбаи равобити байналмилалӣ
ва ташкили ҳаҷҷи Кумитаи дин, танзими
анъана ва ҷашну маросими назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

АКС: АМИТ «Ховар»

 

 

Ноябрь 5, 2024 15:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суди конститутсионӣ бахшида ба рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бахшида ба 30-солагии Конститутсия ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ОГОҲӢ! Дар рӯзҳои сарду боронӣ эҳтиёткор бошед
Шаҳри Душанбе сазовори «Шоҳҷоиза»-и Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа, маҳали аҳолинишин ва хонаи истиқоматӣ» гардид
Оператори мобилии «Анор» толорҳои фирмавӣ кушода, рақамҳои «қиматбаҳо» ҳадя менамояд
Имрӯз Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
30-СОЛАГИИ КОНСТИТУТСИЯИ ТОҶИКИСТОН. Дар Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳамоиш доир шуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конфронси байналмилалӣ доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
КОНСТИТУТСИЯИ ТОҶИКИСТОН — ШИНОСНОМАИ МИЛЛАТ. Дар Маркази омӯзиши пиряхҳо ҳамоиш баргузор шуд
Дар Бохтар конференсияи илмӣ-назариявии байналмилалӣ доир шуд