Ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки олмонии рушд дар Душанбе баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 04.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамкории самараноки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки олмонии рушд дар мулоқоти Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо менеҷери минтақавии Бонки олмонии рушд (KfW) оид ба давлатҳои Қафқоз, Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ Йонас Ратфелдер ва роҳбари намояндагии ин бонк дар Осиёи Марказӣ Андреас Шнайдер дар Душанбе баррасӣ гардид.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар мулоқот таъкид гардид, ки имрӯз бо маблағгузории Бонки олмонии рушд дар Тоҷикистон бунёди Неругоҳи барқи обии «Себзор» идома дорад.
Ҳамзамон дар мулоқот имконияти табиии Тоҷикистон барои бунёди неругоҳҳои барқи обӣ ва неругоҳҳои офтобӣ муаррифӣ гардид.
АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Душанбе Фестивали занбӯрпарварон, намоиш ва фурӯши асал баргузор шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ гардидааст
Дар шаҳри Норак Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии «Ганҷинаи хатлон» баргузор гардид
Мутахассисони Тоҷикистон дар Чин бо навовариҳои соҳаи пахтакорӣ шинос шуданд
Натиҷаҳои рушди иқтисодии Тоҷикистон дар Таиланд муаррифӣ гардиданд
Дар Тоҷикистон ҷаласаи 46-уми Шурои ҳамоҳангсозии электроэнергетикии Осиёи Марказӣ доир шуд
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ масъалаҳои зеҳни сунъӣ ва амнияти рақамӣ баррасӣ шуданд
Ҳамкории стратегӣ дар самти ҷалби сармоягузории устувор ва маблағгузории иқлимӣ тақвият меёбад
Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар ҷаласаи роҳбарони бонкҳои марказии кишварҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Душанбе татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» баррасӣ гардид
Вазири молияи Тоҷикистон дар Бангкок бо роҳбарияти Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб мулоқот намуд






