Ба сокинони аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Сангвор 17 манзили истиқоматӣ супорида шуд
ДУШАНБЕ, 25.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ба сокинони аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Сангвор 17 хонаи нави замонавӣ супорида шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Манзилҳои истиқоматӣ якошёна буда, ҳар кадоми он аз 4 ҳуҷра иборат аст. Дар онҳо тамоми инфрасохтори зарурӣ барои фароғату кор фароҳам оварда шудааст.
Бо дастуру супоришҳои Сарвари давлат аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба оилаҳои зарардида сари вақт кумак расонида шуда, барои сохтмони манзилҳо маводи зарурӣ дастрас гардид.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода бо сифати сохтмони манзилҳои истиқоматӣ шинос шуд.
АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






