Байни Агентии содироти Тоҷикистон ва Кумитаи рушди содироти Арабистони Саудӣ оид ба рушди содироти ғайринафтӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Ноябрь 28, 2024 14:16

ДУШАНБЕ, 28.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Байни Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи рушди содироти Арабистони Саудӣ оид ба рушди содироти ғайринафтӣ бо мақсади тақвият бахшидани ҳамкорӣ ва афзун намудани содироти маҳсулоти ватанӣ ба Арабистони Саудӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Агентии содирот хабар доданд, Ёддошти тафоҳум дар шаҳри Риёз зимни ҷаласаи чоруми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ сармоягузорӣ, техникӣ ва фарҳангӣ дар ҳошияи Конфронси 28-уми байналмилалии сармоягузорӣ ба имзо расид.

Ҳамзамон дар ҳошияи конфронс директори Агентии содирот бо роҳбарони якчанд субъекти соҳибкории Арабистони Саудӣ мулоқот намуд. Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои сармоягузорӣ барои таъсиси марказҳои логистикӣ ва ташкили корхонаҳои муштарак дар самти коркарди маҳсулоти кишоварзиро баррасӣ намуданд.

Ёдовар мешавем, ки ҳайати Тоҷикистон аз 24 то 27 ноябр дар Конфронси 28-уми байналмилалии сармоягузорӣ дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ  иштирок намуд.

АКС: Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 28, 2024 14:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Истеҳсоли неруи барқ дар Бадахшон қариб 5 баробар афзоиш ёфтааст
Тоҷикистон ва WIPO ҳамкориро дар соҳаи рушди инноватсия тақвият медиҳанд
Хайринисо Идрисова: «Дастрасӣ ба маблағи гранти президентӣ имкон дод, ки фаъолияти ҳунармандиямро васеъ намоям»
Панҷакент — яке аз аввалин шаҳрҳои Тоҷикистон, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ аз шаҳри аграрӣ ба саноативу аграрӣ табдил ёфт
Дар Душанбе оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 баррасӣ гардид
Дастовардҳои Тоҷикистон дар Форуми иқтисоди рақамии Созмони ҳамкории Шанхай-2025 муаррифӣ гардид
Дар ноҳияи Данғара корхонаи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ сохта мешавад
Имсол дар Бадахшон 45 корхонаву коргоҳҳои саноатӣ ба фаъолият оғоз намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи маҳдуди сатҳи вазирони иқтисоди СҲШ дар Чин иштирок намуд
Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон лоиҳаҳои соҳаи энергетикаро амалӣ менамояд
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон татбиқи ташаббуси ҷаҳонии «Global Gateway» баррасӣ гардид
ДАРАИ АЛМОСӢ. Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун мавзеи беназири таърихии кишоварзӣ этироф гардид