Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази таълимии технологияҳои нассоҷӣ баррасӣ шуд

Ноябрь 11, 2024 18:10

ДУШАНБЕ, 11.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 8 ноябр дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо як гурӯҳ коршиносони соҳаи нассоҷӣ аз Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ татбиқи «Лоиҳаи таъсиси Маркази таълимии технологияҳои нассоҷӣ барои омода намудани муҳандисони саноати нассоҷӣ дар Тоҷикистон» баррасӣ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ хабар медиҳад.

Коршиносон оид ба таъсиси Маркази таълимии технологияҳои нассоҷӣ барои тайёр кардани муҳандисони саноати нассоҷӣ, афзоиши содирот ба хориҷа ва таъсиси ҷойҳои нави кор дар Тоҷикистон, гузаронидани таҳқиқоти илмӣ дар самтҳои нассоҷӣ, ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифтани мутахассисони соҳа ва аз ташхис гузаронидани ашё маъруза пешниҳод намуданд.

Ҳадафи лоиҳа баланд бардоштани иқтидори технологӣ, фароҳам овардани инфрасохтори зарурӣ ва рушди неруи кории соҳибихтисос дар саноати нассоҷии Тоҷикистон барои зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти дорои арзиши иловашуда, таҳкими захираи мутахассисон ва фароҳам овардани ҷойи кор ва имконияти соҳибкорӣ, махсусан барои занон ва ҷавонон мебошад.

Ҷараёни кори ҳайати гурӯҳ то 15 ноябр идома меёбад.

АКС: Донишгоҳи технологии Тоҷикистон

 

 

 

 

 

 

 

 

Ноябрь 11, 2024 18:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе оид ба нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ форуми байналмилалӣ баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд