Ҷаласаи шашуми Шурои иттифоқҳои касабаи давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 28.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. 27 ноябр дар шаҳри Душанбе ҷаласаи шашуми Шурои иттифоқҳои касабаи давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи мустақили иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҷаласа тақвият бахшидани ҳамкории иттифоқҳои касабаи минтақа, татбиқи ҳадафҳои ҳукуматҳои ҷумҳуриҳои минтақа дар бахши муносибатҳои меҳнатӣ, ҳифзи меҳнат, солимгардонӣ ва ҳифзи иҷтимоии кормандон баррасӣ гардид.
Дар доираи ин ҷаласа роҳбарони федератсияҳои иттифоқҳои касабаи Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва ҳайати Ташкилоти байналмилалии меҳнат вохӯриҳои дуҷониба анҷом доданд.
Ёдовар мешавем, ки Шурои иттифоқҳои касабаи Осиёи Марказӣ соли 2021 бо ташаббуси давлатҳои Тоҷикистон, Узбекистон ва Қазоқистон таъсис дода шуд.
АКС: Федератсияи мустақили иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон








Намояндагони Суди Олии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии судяҳо оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуданд
Оид ба стратегияи ҳамкории Тоҷикистон ва Корея машғулияти академӣ доир шуд
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бостоншиносӣ» баррасӣ гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Гурҷистон дар такмили низоми нафақа густариш меёбад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии шаҳри Хуҷанд ба мавсими сармо ҳамаҷониба омода мешаванд
Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои маъюбонро тасдиқ кард
Забони тоҷикӣ дар фазои рақамӣ: аз пайкараи матнӣ то истилоҳоти ягона
Дар Душанбе симпозиум доир ба соҳаи онкология оғоз гардид
Барои маблағгузории нафақа беш аз 4 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Форуми байналмилалии ҷавонони СҲШ оид ба ҳамкорӣ барои ояндаи устувор доир шуд






