Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиш баргузор шуд

Ноябрь 12, 2024 16:38

ДУШАНБЕ, 12.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 11 ноябр бо ташаббуси  Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президент ва Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Академияи миллии илмҳо.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода таъкид намуд, ки барои барқарор намудани асосҳои давлатдорӣ ва таъмини қонуният, сулҳ ва ризоияти миллӣ 16 ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардад. Дар он вақт Шурои Олӣ тамоми масъулиятро дар назди таърих, халқу Ватан ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ба дӯш гирифт.

Дар ҳақиқат иҷлосияи таърихӣ барои миллати тоҷик иҷлосияи тақдирсоз ва наҷотбахш буд, зеро он халқи тоҷикро аз оташи ҷанг наҷот дода, тақдири истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ҳал намуд. Иҷлосия барои пойдории ваҳдати миллӣ, истиқрори сулҳ дар сарзамини бостониамон, амалӣ намудани ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ дар роҳи бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ пояи мустаҳкам гузошт.

Таҷлили Рӯзи Президент рамзи садоқат ва вафодорӣ ба Ватан, Президент ва миллат буда, нишонаи шукргузорӣ аз озодиву соҳибихтиёрӣ ва эҳтиром гузоштан ба арзишҳои давлатдориву соҳибистиқлолӣ арзёбӣ мегардад.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

 

Ноябрь 12, 2024 16:38

Хабарҳои дигари ин бахш

35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»