Дар Исфара оид ба ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар рушди сайёҳӣ ҳамоиш баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 14.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 13 ноябр дар шаҳри Исфара бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 32-солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Ташаббусҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди соҳаи сайёҳии мамлакат» ҳамоиши минтақавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод иброз намуд, ки 16 ноябри соли 1992 Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида, дар он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Раиси Шурои Олӣ масъулияти роҳбарии мамлакатро ба уҳда гирифтанд. Давоми ин муддат миллати сарбаланди тоҷик ба дастовардҳои беназири иқтисодиву иҷтимоӣ ноил гардид.
Дастовардҳои Тоҷикистон дар самти соҳаи сайёҳӣ идомаи натиҷаҳои сиёсати Пешвои миллат дар муаррифии мардум ва сарзамини тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ мебошанд.
Бо шарофати иқдому ташаббусҳои Сарвари давлат оид ба рушди сайёҳии мамлакат мавқеи сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раддабандиҳои ҷаҳонӣ сол то сол баланд мешавад.
АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад
САЁҲАТРО АЗ ВАТАН ОҒОЗ МЕНАМОЕМ! Ёдгориҳои таърихию фарҳангии Хуттали Қадим аз ҷиҳати аҳамияти таърихӣ ҳамто надоранд
Фестивали байналмилалии «Наврӯз — мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро муаррифӣ намуд
КУЛОЛГАРӢ — РАМЗИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ. Анъанаи истифодаи зарфҳои кулолӣ дар Наврӯз то имрӯз боқӣ мондааст
Имрӯз дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз — мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» доир мегардад
НАВРӮЗ-БРЕНДИ МИЛЛИИ САЙЁҲӢ. Сайёҳони хориҷӣ дар ин рӯзҳо бо таърих, фарҳанг ва расму оинҳои халқи тоҷик бештар шинос мегарданд
БРЕНДИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН. Ҷашни Наврӯз пули дӯстӣ байни миллатҳо мебошад






