Дар ноҳияи Шоҳмансур беш аз 14 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ ҷамъоварӣ гардидааст

Ноябрь 24, 2024 17:00

ДУШАНБЕ, 24.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар 11 моҳи соли равон беш аз 14 682 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ҷамъоварӣ гардидааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур хабар доданд.

Дар ҳудуди ноҳия 1023 гектар заминҳои кишоварзӣ мавриди истифода қарор доранд. Аз ин 494 гектар хоҷагиҳои деҳқонӣ, 512 гектар заминҳои наздиҳавлигӣ ва 17 гектар хоҷагиҳои ёрирасон (президентӣ) ба шумор мераванд.

Аз ҷумла, дар заминҳои наздиҳавлигии ноҳия зироати сабзавотӣ кишт карда мешавад. Ҳар хоҷагӣ ҳосили фаровон ба даст оварда, як қисми онро барои захираи озуқа мегузорад. Қисми дигарро ба бозорҳои пойтахт бароварда, бо нархҳои дастрас пешниҳоди сокинон мегардонанд.

Ҳамчунин дар 15 нуқтаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Рӯдакӣ ва Душанбе-Ваҳдат аз ҷониби хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия маҳсулоти ҳамарӯза ҷамъоваришуда ва аз ҷиҳати экологӣ тару тоза бо нархҳои дастрас пешкаши шаҳрвандон мегардад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур

Ноябрь 24, 2024 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»