Дар шаҳри Омск Форуми 4-уми сарварони ҷавони Русия ва давлатҳои Осиёи Марказӣ оғоз ёфт

Ноябрь 21, 2024 11:00

ДУШАНБЕ, 21.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 21 ноябр дар шаҳри Омски Федератсияи Русия Форуми 4-уми сарварони ҷавони Русия ва давлатҳои Осиёи Марказӣ оғоз шуд.

Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар форум кормандони ҷавони Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва донишҷӯёни филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе иштирок доранд.

Дар форум, ки 3 рӯз идома меёбад, ҷавонони Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон низ иштирок мекунанд.

Иштирокдорон дар 6 самт (сиёсатшиносӣ, сиёсати ҷавонон, фарҳанг, воситаҳои ахбори омма, таърих ва иқтисодиёт) лоиҳаҳои таҳқиқотӣ омода карда, зимни форум онҳоро ба мутахассисон муаррифӣ менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки форум маротибаи чорум баргузор мегардад ва давоми ин муддат дар он зиёда аз 100 ҷавон аз давлатҳои Осиёи Марказӣ иштирок намудаанд.

Форуми сарварони ҷавони Русия ва давлатҳои Осиёи Марказӣ ба дӯстии ҷавонон, шиносоӣ бо таърих, фарҳанг ва урфу одат  мусоидат менамояд.

АКС аз манбаъҳои боз

Ноябрь 21, 2024 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазири адлияи Тоҷикистон бо Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон мулоқот намуд
«ХУДШИНОСӢ — ОМИЛИ ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Оид ба ин мавзуъ даври омӯзишӣ оғоз гардид
Дар Душанбе даври ҷумҳуриявии озмуни «Сайри гули лола» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Тоҷикобод лоиҳаи нави таъмини оби тоза барои сокинони деҳаи Сабзазор амалӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли чукрӣ ба кам шудани моддаи қанд дар таркиби хун мусоидат мекунад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозӣ бо донорҳо ва шарикони рушд дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ баргузор шуд
Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ тақвият медиҳанд
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид