Дар шаҳри Риёз ҳамоиши доираҳои тиҷоратию сармоягузории Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баргузор гардид

Ноябрь 27, 2024 11:11

ДУШАНБЕ, 27.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. 26 ноябр дар ҳошияи Конфронси 28-уми байналмилалии сармоягузорӣ бо иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Риёзи Подшоҳии Арабистони Саудӣ ҳамоиши доираҳои тиҷоратию сармоягузории Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҳамоиш аз ҷониби Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Султон Раҳимзода ба доираҳои тиҷоратию сармоягузории Саудӣ имконоти сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ карда шуда, вобаста ба имконияти пешбурди фаъолияти тиҷоратию сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ба саволҳои пешниҳоднамудаи иштирокчиён посухҳои мушаххас дода шуд.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон дорои зарфияту имконияти зиёди сармоягузорӣ буда, соҳаҳои энергияи «сабз», бофандагӣ, саноати маъдан, хӯрокворӣ, мошинсозӣ, металлургия, дорусозӣ, истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ, сайёҳӣ, рақамикунонӣ ва ғайра дорои имконоти зиёди сармоягузорӣ мебошанд.

Ин имконоту зарфият дар якҷоягӣ бо кафолату имтиёзҳои барои сармоягузорон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодшаванда, инчунин афзоиши талабот ва нарх дар бозорҳои дохилӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ барои сармоягузорони хориҷӣ шароити хуб муҳайё менамоянд.

Иттилоъ дода шуд, ки моҳи декабри соли равон сафари ҳайати бонуфузи доираҳои тиҷоратию сармоягузории Арабистони Саудӣ ба шаҳри Душанбе барои иштирок дар ҷаласаи нахустини Шурои соҳибкории ду давлат дар назар аст.

АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 27, 2024 11:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»