Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд иншооти варзишӣ ба истифода дода шуданд

Ноябрь 18, 2024 17:22

ДУШАНБЕ, 18.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар деҳоти Саразм ва Моғиёни шаҳри Панҷакент майдончаи варзишӣ ва гармхонаи замонавӣ ба истифода дода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад.

Майдончаи варзишӣ дар назди бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №24  деҳаи Кӯҳдомани деҳоти Саразм бунёд гардидааст.

Иттилоъ дода шуд, ки дар шаҳри Панҷакент  70 майдончаи варзишӣ фаъолият мекунад. Инчунин сохтмони 8 майдончаи варзишии дигар  идома дорад.

Ҳамзамон дар шаҳр гармхонаи замонавӣ ба истифода дода шуд, ки кишоварзон дар он бодиринг, помидор ва қаланфури булғорӣ кишт намудаанд. Гармхона бо навтарин технологияи пешрафтаи ҷаҳонӣ таъмин мебошад.

Ҳамчунин дар доираи сафари кории Сарвари давлат ба шаҳри Истаравшан дар маркази шаҳр Боғи фарҳангии «Ҷавонон» ва дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ракамҳои 2 ва 27 майдончаҳои варзишӣ ба истифода дода шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар маҳаллаи Зафари шаҳри Истаравшан бинои навбунёди баландошёнаи истиқоматӣ бо Маркази савдо ва хизматрасонии «Истиқлол» ифтитоҳ гардид.

Иншооти навбунёд дар маркази шаҳри Истаравшан қарор дорад. Бинои баландошёна аз 56 хона иборат аст.  Дар ошёнаи якуми бинои истиқоматӣ Маркази савдо ва хизматрасонии «Истиқлол» ба истифода дода шудааст. Дар маркази савдо 25 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин гардиданд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Ноябрь 18, 2024 17:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад