Дар Сингапур имконияти ҳамкории дуҷониба бо Тоҷикистон баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 21.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода бо вазири аршади давлатӣ оид ба корҳои хориҷӣ ва рушди миллии Сингапур хонум Сим Энн мулоқот анҷом дод, ки зимни он ҷонибҳо имконияти ҳамкории дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ хабар доданд.
Зимни мулоқот масоили имконияти ҳамкории дуҷониба ва сармоягузорӣ дар соҳаҳои иқтисоди «сабз», неруи «сабз», зеҳни сунъӣ, истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок, бонкдорӣ, инчунин ташкили даврҳои омӯзишӣ дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла маъмурикунонии андоз, молия ва гумрук мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар вохӯрӣ Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Сарвазири Сингапур Лоуренс Вонг оид ба нияти рушди муносибатҳои иқтисодӣ ва даъвати роҳбарияти Сингапур ба Тоҷикистон расонид.
АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Барои масъулини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар самти татбиқи низоми кредитӣ машварат оғоз ёфт
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
«Shohin Airlines» ҳавопаймои нави L410 NG харидорӣ менамояд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Сокинони деҳаи ба номи Ортиқ Ҷумаеви шаҳри Турсунзода бо оби нӯшокӣ таъмин шуданд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Хатмкунандагони Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ гусел намуданд
Дар моҳи апрел Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ФАРЗАНДИИ МОСТ!». Ҷавонони шаҳри Ҳисор ба таври ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд
БАРОИ ВАТАН ҶОН ФИДО МЕКУНЕМ! Дар Бӯстон Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд






