Дар Тоҷикистон беш аз 2 миллион тонна ангишт истихроҷ гардидааст

Ноябрь 30, 2024 16:00

ДУШАНБЕ, 30.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи нақша, имсол дар Тоҷикистон истихроҷи 3,0 миллион тонна ангишт ба нақша гирифта шуда, дар ёздаҳ моҳи соли равон 2 миллиону 377 ҳазору 276 тонна ангишт истихроҷ гардидааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар ҷумҳурӣ ҳоло 17 корхона, аз ҷумла 5 корхонаи давлатӣ ва 12 корхонаи хусусӣ  дар 12 кон ангишт истихроҷ мекунанд.

Соҳаи истихроҷи ангишт яке аз муҳимтарин сохтори комплекси сӯзишворию энергетикӣ ва саноати кӯҳкории ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Яке аз ҳадафҳои асосии рушди соҳаи истихроҷи ангишт-ин заминагузорӣ ба таъминоти иқтисодиёти ҷумҳурӣ бо ангишт ва коркарду бойгардонии истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири содиротӣ мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки фурӯши ангишт бо назардошти бақияи соли 2023  1 миллиону 692,7 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. То 28 ноябри соли равон дар анбори корхонаҳои соҳа бо назардошти бақияи ангишти соли 2023  880 744 тонна ангишт мавҷуд буда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2023   468 967 тонна афзоиш ёфтааст.

Дар ин давра 1 миллиону 011 ҳазору 176 тонна ё 45 фоиз аз ҷониби корхонаҳои давлатӣ ва 1 миллиону 366 ҳазору 100 тонна ангишт ё 55 фоиз аз ҷониби корхонаҳои хусусӣ истихроҷ гардидааст. Инчунин аз ангишти истихроҷшуда 65 фоиз ба таври кушод ва 35 фоиз ба таври зеризаминӣ истихроҷ шудааст.

Ба иттилои мутахассисон, Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги ангишт буда, он чун манбаи алтернативии энергия самаранок истифода мешавад. Агар солҳои пеш ангиштро танҳо аҳолӣ истифода мекард, ҳоло  корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ низ бо истифода аз он фаъолият менамоянд.

Кони ангишти «Фон-Яғноб» дар Осиёи Марказӣ бузургтарин кони ангишти коксшаванда мебошад. Ҳамчунин мутобиқи қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ, захираҳои кони ангишти коксшавандаи «Фон-Яғноб» ва кони ангишти «Назарайлоқ», ки дорои ангишти антратсит мебошад, конҳои ангишти дорои аҳамияти стратегӣ  маҳсуб мешаванд.

Дар Тоҷикистон асосан се намуди ангишт — коксшаванда, антратсит ва бур мавҷуд аст.

Яке аз дастовардҳои соҳаи саноати ангишти мамлакат дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ дастрас намудани техника ва таҷҳизоти муосир мебошад, ки дар пешрафти соҳа нақши муассир мегузорад.
Ҳоло дар соҳаи саноати ангишти мамлакат 758 техникаи махсус фаъолият дорад. Инчунин дар конҳои ангишти мамлакат 2423 нафар кор мекунанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадафҳои стратегии миллиро амалӣ менамояд, ки яке аз он ба даст овардани истиқлолияти энергетикии мамлакат мебошад.  Дар ин кор саноати ангишти Тоҷикистон метавонад нақши муҳим гузорад, зеро ангишт дар шароити ҷумҳурии мо ашёи хоми нисбатан арзон аст.

АКС аз манбаъҳои боз

Ноябрь 30, 2024 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Туркманистон ҳамкориро дар соҳаи саноати нассоҷӣ тақвият медиҳанд
Дар Вазорати молияи Тоҷикистон татбиқи лоиҳаҳои нақлиёту энергетика баррасӣ гардид
Дар Палатаи ҳисоб оид ба пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия машварат баргузор шуд
Дар Душанбе Протоколи ҷаласаи 14-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон ба имзо расид
Татбиқи лоиҳаҳои Бонки исломии рушд дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
БА ТАВАҶҶУҲИ РОНАНДАГОН! Набудани бимаи суғурта ва корти ташхиси техникӣ минбаъд тавассути дурбинҳо сабт карда мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Олмон дар самти рушди инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ гардид
Масато Канда: «БОР 1,1 миллиард доллари ИМА-ро ба татбиқи Стратегияи нави шарикӣ бо Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030 ҷалб менамояд»
Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «ITB Berlin 2026» муаррифӣ мегардад
Ҷаласаи чордаҳуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон баргузор гардид
Татбиқи «Стратегияи Бонки Осиёии Рушд барои Тоҷикистон дар давраи солҳои 2026–2030» оғоз мегардад
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд