Дар Тоҷикистон дар ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатӣ дарозтарин парчам омода гардид

Ноябрь 23, 2024 10:44

ДУШАНБЕ, 23.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дарозтарин Парчами давлатӣ 9 сентябри  соли 2011 бахшида ба 20-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо дарозии 2011 метр дар ҷараёни тантанаҳои идона ба воситаи хиёбони Рӯдакӣ аз майдони «Дӯстӣ» тавассути беш аз 3000 нафар гузаронида шуд.

Ин парчам аз матои абрешим бо дарозии 2011 метр, паҳноии 7 метр ва вазни 860 килограмм тайёр гардида буд.

Тибқи иттилои масъулин, парчам дар яке аз коргоҳҳои Иттиҳодияи истеҳсолии  «Нассоҷии Тоҷик» давоми ду ҳафта тайёр шуда, дар омода намудани он беш аз 20 нафар мутахассисону чеварон иштирок намуда буданд.

Парчамдориву парчамбардорӣ ба халқи мо аз аҷдодони сарбаландамон мерос мондааст. Рамзҳое, ки дар  Парчами давлатии  Тоҷикистон гузошта шудаанд,  равшангари таърих, сарнавишту саргузашти қавмҳо, халқият, миллату давлат, инъикосгари фарҳангу тамаддун ва орзуву ормонҳои мардуми мо мебошанд. Чунончи, ранги сурх дар парчами мо – ин рамзи мубориза ва ҷоннисориҳои халқ дар роҳи озодӣ ва истиқлол, ранги сафед – рамзи покӣ, озодагӣ, роҳи сафед ва бахту иқболи нек, ранги сабз – рамзи ҳаёт, сарсабзиву хуррамӣ ва созандагиву бунёдкорӣ мебошад.

Дар парчам инчунин тасвири тоҷ ва ҳафт ситора ҷой дода шудааст. Тоҷ – рамзи шукуҳу шаҳомат, рамзи давлат, соҳибдавлатӣ ва истиқлолият аст. Парафшонии Парчами миллӣ дар баландии 165 метр дар пойтахти азизамон- шаҳри Душанбе ифтихори ҳар фарди ватандӯсти мамлакат мебошад. Маҳз бо парафшонии ин рамзи муқаддас мо ҳоло пояҳои давлати соҳибистиқлоламонро таҳким бахшида, барои ба мамлакати ободу пешрафта табдил додани Тоҷикистони маҳбубамон саъю талош дорем.

Имрӯз Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун рамзи ин давлати соҳибистиқлол дар Тоҷикистон ва дигар ақсои олам парафшонӣ мекунад ва ба оламиён аз мавҷудияти давлати тозаистиқлоле бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон мужда медиҳад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштаанд, ки «дар ҷаҳони муосир ҳар давлату миллат бо рамзҳои давлатӣ ва муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла Конститутсия, Нишон, Парчам, Суруди миллӣ ва пули миллӣ шинохта мешавад, яъне ин нишонаҳо муаррифи давлати соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ мебошанд».

Парчам бо гузашти айём ҳамчун рамз ончунон мавқеи устувор пайдо намудааст, ки имрӯз ҳеҷ давлатеро наметавон бе он тасаввур намуд.

Мавриди ёдоварӣ аст, ки аз соли 2009 инҷониб бо ибтикори Президенти Тоҷикистон 24 ноябр Рӯзи Парчами давлатӣ эълон гардид ва ин рӯзи муборак ҳамасола бо шукуҳу тантана таҷлил мегардад. Ин санаи фархунда ифодагари ифтихору эҳтироми мо нисбат ба муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла Парчами давлатӣ аст. Парчаме, ки ҳастии давлати мо ва ифтихори миллии моро ифода менамояд, парчаме, ки гувоҳи барҷастаи истиқлолияти давлатии мо, таҷассуми ғурури миллӣ ва ору номуси ватандӯстии мо аст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи Парчами давлатӣ бо камоли эҳтирому эътиқод чунин иброз доштаанд: «Парчами давлатӣ яке аз рамзҳои муҳими истиқлолияти миллӣ ва давлатдори муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад.     Набояд фаромӯш намуд, ки муҳаббат ба Парчам ва дигар рамзҳои давлатӣ нишонаи муҳаббати самимии мо ба Ватан-Модар, миллату давлат ва ифтихор аз онҳо ҷузъи муҳими рисолати ватандӯстию ватансозӣ ба ҳисоб меравад».

Парчами давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳамчун рамзи бахту саодат, сарсабзию хуррамӣ ва сарбаландии миллату давлати тоҷикон мақсаду ҳадафҳои созандаи ин миллати тамаддунофарро дар баландтарин минбару қасрҳои минтақавию байналхалқӣ ҷилвагар менамояд, ки ифтихори мо мебошад.

АКС аз манбаъҳои боз

Ноябрь 23, 2024 10:44

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои кормандони соҳаи ҳифзи муҳити зист 4 бинои маъмурӣ ба истифода дода мешавад
Истеъмоли хурмо узви босираро мустаҳкам намуда, пеш аз муҳлат пиршавии баданро пешгирӣ менамояд
21 СЕНТЯБР — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ СУЛҲ. Тоҷикистон дар роҳи таҳкими сулҳ ва амният дар ҷаҳон пешсаф аст
То соли 2050 ҳарорати миёнаи ҳаво дар минтақаи Осиёи Марказӣ метавонад аз 0,8 то 6,2 дараҷа баланд гардад
Дар шаҳри Гулистон ҳамоиши ҷавонон баргузор шуд
«ТАСАЛЛО». Барои кӯдакони гирифтори бемории саратон шуъбаи махсус ифтитоҳ гардид
ИММУНИЗАТСИЯ БАР ЗИДДИ ВИРУСИ ПАПИЛЛОМАИ ОДАМ. Он пайдошавии саратони гарданаки бачадонро пешгирӣ менамояд
16 СЕНТЯБР — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ҚАБАТИ ОЗОН. Барои ҳифзи қабати он аз вайроншавӣ Конвенсияи Вена қабул карда шуд
Аз ифлосшавии ҳаво ва таъсири чангу ғубор худро эҳтиёт намоед!
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ деҳаи нав — «Обшорон» бунёд карда шуд
«БЕҲТАРИН ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТӢ АЗ ҲИСОБИ ЗАНОН». Дар Бадахшон даври вилояти озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Озмунҳои ҷумҳуриявӣ завқи кадбонугӣ ва анъанаҳои хӯрокпазии миллиро эҳё менамоянд