Дар Тошканд вохӯрии муовинони вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 27.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 26 ноябр дар шаҳри Тошканд вохӯрии 14-уми муовинони вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид, ки дар он муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулло Насредин иштирок намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин вазорат.
Исматулло Насредин иштирокдоронро барои таҳкими ҳамкории минтақавӣ дар самти мубориза бо таҳдиду хатарҳои замони муосир, аз ҷумла терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷиноятҳои муташаккил ва мушкилиҳои марбут ба тағйирёбии иқлим даъват намуд.
Муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин иштирокдоронро бо талошҳо ва иқдоми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, аз ҷумла дар чаҳорчӯби “Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм” ва ҳамоишҳои байналмилалии марбута шинос намуд.
Дар чаҳорчӯби ҷаласа ҳамчунин дар бинои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Узбекистон мулоқоти муовинони вазирони давлатҳои Осиёи Марказӣ бо вазири корҳои хориҷии кишвари мизбон Бахтиёр Саидов баргузор гардид.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд






