Дар Женева татбиқи ҳадафҳои лоиҳаи АСИКУДА баррасӣ гардид

Ноябрь 7, 2024 18:00

ДУШАНБЕ, 07.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳо вобаста ба татбиқи ҳадафҳои асосии Лоиҳаи АСИКУДА*-и ҷаҳонӣ дар мулоқоти муовини якуми Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон  Азим Турсунзода бо роҳбарияти Барномаи АСИКУДА-и Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба савдо ва рушд Рено Масснэ ва ҳамоҳангсози минтақавии Барномаи АСИКУДА   Дмитрий Годунов дар Женева баррасӣ шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад.

Дар мулоқот андешидани тадбирҳо барои баланд бардоштани иқтидори кадрии кормандони мақомоти гумрук, ширкатҳои брокерӣ ва дигар иштирокчиёни фаъолияти иқтисоди хориҷӣ, таҳияи модулҳои нави низоми иттилоотӣ, содагардонии равандҳои тиҷоратӣ тариқи рақамикунонии онҳо ва ба роҳ мондани ҳамгироии системаҳои иттилоотӣ барои табодули маълумот дар асоси созишномаҳои дуҷонибаи баимзорасида байни кишварҳои иштирокчии Созмони ҷаҳонии гумрук баррасӣ гардид.

Ҳадафи  амалисозии Низоми АСИКУДА-и  ҷаҳонӣ дар мақомоти гумрук гузариш ба сатҳи сифатан нави маъмурикунонии равандҳои барасмиятдарории гумрукӣ, татбиқи шакли пурраи декларатсиякунонии электронӣ, фароҳам овардани имконияти декларатсиякунонии пешакии молу воситаҳои нақлиёт ва ташкили мубодилаи фаврии маълумоти зарурӣ бо вазорату идораҳои давлатии дахлдор дар шакли электронӣ барои содагардонии расмиёти савдо, кам кардани вақти барасмиятдарории гумрукӣ, ҳамоҳангсозии фаъолият дар Равзанаи ягона, шаффофияти расмиёти гумрукӣ барои иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, инчунин бештар намудани миқдору сифати ҷамъоварии пардохтҳои гумрукӣ ба Буҷети давлатӣ мебошад. Инчунин зимни сафари корӣ силсилавохӯриҳо бо дигар бахшҳои идораи марказии Барномаи АСИКУДА-и Конфронси Созмони Милали Муттаҳид  оид ба савдо ва рушд бобати муҳокимаи масъалаҳо оид ба пешрафт ва дурнамои лоиҳа ба нақша гирифта шудааст.

__________
*АСИКУДА –
(Automated System for Customs Data) -низоми  автоматикунонидаи маълумоти гумрукии системаи компютерие аст, ки аз ҷониби Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба савдо ва рушд барои идоракунӣ ва рушди гумрукии давлатҳои ҷаҳон  таҳия шудааст.

 АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

Ноябрь 7, 2024 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд