Даромади умумии буҷети давлатӣ барои соли 2025 дар ҳаҷми 49,5 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
ДУШАНБЕ, 02.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Даромади умумии буҷети давлатӣ барои соли 2025 дар ҳаҷми 49 миллиарду 500 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки нисбат ба буҷети соли 2024 ба маблағи 6 миллиарду 600 миллион сомонӣ ё 15,4 фоиз зиёд мебошад. Дар ин хусус 31 октябр дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд.
Иброз гардид, ки соли 2025 ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатӣ 29,9 фоизи маҷмуи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад.
Даромади ҷории буҷети давлатӣ дар ҳаҷми 35 миллиарду 500 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба буҷети соли 2024 ба маблағи 6 миллиарду 500 миллион сомонӣ ё 22,5 фоиз зиёд ба нақша гирифта шудааст.
Хароҷоти умумии буҷети давлатӣ барои соли 2025 дар ҳаҷми 51 миллиарду 600 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки нисбат ба буҷети соли 2024 7 миллиарду 500 миллион сомонӣ ё 17 фоиз зиёд буда, ба 31,1 фоизи маҷмуи маҳсулоти дохилии соли оянда баробар мебошад.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид






