Доир ба иқдоми бунёдкоронаи Пешвои миллат ҳамоиш доир шуд

Ноябрь 15, 2024 15:00

ДУШАНБЕ, 15.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президент Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Таҷассуми иқдоми бунёдкоронаи Пешвои миллат дар публитсистикаи муосир» ҳамоиш доир шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар ҳамоиш иброз шуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фаъолияти роҳбарияшон тавонистанд ҳама ҳадафу барномаҳоеро, ки барои пешрафти ҷумҳурӣ нақши муассир ва ҳалкунанда доштанд, бо садоқат ва бо ҳисси баланди масъулият ба иҷро расонанд. Истиқлолу озодии мамлкат ба адибони публитсисти мо имкон додааст, ки ҷанбаи иттилоотии публитсистика доманаи густардатар пайдо намояд. Махсусан, офариниши образи публитсистӣ уфуқҳои навин пайдо карда, ҳамчун шакли инъикоси воқеият бозгӯкунандаи моҳияти ҳаёт гардидааст.

Таҳқиқот нишон медиҳад, ки адибони публитсист бо завқи баланду маҳорати хос набзи ҷомеаро ташхис карда метавонанд, талаботу рағбати хонандаро ба эътибор мегиранд, муҳити сиёсиву идеологиро  дарк месозанд ва дар заминаи ин ҳама имконот образи шоиставу барҷастаи Роҳбари давлатро офарида метавонанд.

Ҳамчунин дар ҷараёни ҳамоиш иштирокдорон дар мавзуи «Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун», «Масъалагузориҳо доир ба Неругҳхи барқи обии «Роғун» ва «Тасвири корнамоии Пешвои миллат дар публитсистикаи Шералӣ Мусо» маърузаҳо пешниҳод намуданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 15, 2024 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
Робитаҳои дӯстонаи давлатию миллӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбанд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд
Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад