Дурнамои муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузории Тоҷикистон ва Индонезия баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 23.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. 22 ноябр дар шаҳри Ҷакарта ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарияти вазоратҳои корҳои хориҷӣ, савдо ва саноат, инчунин Эксимбонки Ҷумҳурии Индонезия вохӯриҳо анҷом дод. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни вохӯрӣ бо роҳбарияти вазорати корҳои хориҷӣ ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Индонезияро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҷонибҳо ҳавасмандии худро барои тақвият бахшидани ҳамкории дуҷониба тавассути амалигардонии барномаҳои муштараки ҳамкорӣ, табодули сафарҳои ҳайатҳои тарафҳо ба кишварҳои якдигар, иштирок дар форумҳои дуҷониба ва бисёрҷониба, инчунин ташаббусҳои муштарак дар бахшҳои мухталиф иброз намуданд.
Ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, аз ҷумла баимзорасонии созишномаи дахлдор оид ба савдои озод байни ду давлат, таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ, афзоиши ҳаҷми гардиши савдои дуҷониба, татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ дар бахшҳои кишоварзӣ, нассоҷӣ, энергетика ва гардишгарӣ, табодули сафарҳои мутақобилаи доираҳои соҳибкорӣ ва омӯзиши таҷрибаи якдигар дар самтҳои болозикр дар мулоқот бо роҳбарияти Вазорати савдои Ҷумҳурии Индонезия баррасӣ гардид.


Дар Вазорати саноати Ҷумҳурии Индонезия масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкории дуҷониба дар самтҳои мухталиф, аз ҷумла фанновариҳои саноатӣ, ҷалби сармояи мустақим, коркарди захираҳои табиӣ, нассоҷӣ, масолеҳи сохтмонӣ ва табодули таҷриба дар соҳаи саноат мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифт.
Зимни мулоқот бо роҳбарияти Эксимбонки Индонезия масъалаҳои вобаста ба иштироки бонк дар лоиҳаҳои самти инфрасохтор, соҳаҳои саноат, энергетика, кишоварзӣ, рақамикунонӣ, сайёҳӣ, ва тиб, маблағгузории амалиёти содиротӣ тавассути пешниҳоди хатҳои қарзӣ барои баланд бардоштани рақобатпазирӣ дар бозорҳои байналмилалӣ, ташкили форумҳо барои рушди тиҷорат ва табодули таҷриба оид ба масъалаҳои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ баррасӣ шуданд.
АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон









ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд






