Имрӯз Рӯзҳои синамои Беларус оғоз меёбанд

Ноябрь 25, 2024 16:10

ДУШАНБЕ, 25.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, соати 17:00 дар кинотеатри «Наврӯз»-и шаҳри Душанбе Рӯзҳои синамои Беларус оғоз мегарданд. Дар ин рӯз филми ҳунарии «Қалъаи сиёҳ» намоиш дода мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» хабар доданд.

26 ноябр, соати 10:00 дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров филми мустанади «Орзуи қаҳрамон» ва соати 17:00 филми тасвирии «Суруди Сирен» намоиш дода мешавад.

Инчунин дар доираи баргузории Рӯзҳои синамои Беларус бо иштироки коргардони филмҳои тасвирӣ ва филмноманавис Елена Турова барои хоҳишмандон дар Мактаби синамогарони ҷавон «Навомӯз», Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ва Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон дарсҳои «Устод ва шогирд» гузаронида мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки Рӯзҳои синамои Беларус аз 25 то 27 ноябри соли равон гузаронида мешаванд.

АКС аз манбаъҳои боз

Ноябрь 25, 2024 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид