Имсол аз Тоҷикистон беш аз ҳазор тонна хуч ба хориҷи мамлакат содирот гардидааст

Ноябрь 28, 2024 08:22

ДУШАНБЕ, 28.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳашт моҳи соли равон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷи мамлакат 1288 тонна меваи хуч содирот гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023   97 тонна зиёд мебошад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Соли 2023 аз ҷумҳурӣ ба хориҷи мамлакат 2758 тонна хуч содирот гардид, ки нисбат ба соли 2022    1,7 ҳазор тонна зиёд мебошад.

Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2023 150 гектар майдони боғоти хуч бунёд намуд. Зеро аҳамияти иқтисодии буттаи хуч дар он аст, ки баъд аз ду сол ба ҳосил медарояд. Аз як буттаи хуч то 5-10 килограмм меваи тар ҷамъоварӣ намудан мумкин аст, яъне аз як гектар боғи хуч то 4 — 8 тонна маҳсулоти тар ё 2 – 4 тонна меваи хушк ҷамъоварӣ кардан мумкин аст.

Хуч аҳамияти калони экологӣ низ дорад, он, аз ҷумла дар мубориза бар зидди шусташавии хок, мустаҳкам кардани қумзор ва заминҳое, ки барои истифодаи кишоварзӣ номувофиқ мебошанд, истифода бурда мешавад.

Дар ҷаҳон зиёда аз 400 навъи хуч мерӯяд, дар Тоҷикистон 18 навъи он парвариш шуда, навъҳои худрӯй низ ҳастанд.

Ба иттилои директори Институти боғпарварию сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Шарофиддин Кароматов, хуч дар баробари пистаю чормағз яке аз зироати асосӣ ва фоидабахши соҳаи ҷангали Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.  Хучро дар бештари минтақаҳои Тоҷикистон парвариш намудан мумкин аст.

Хусусияти биологии хуч он аст, ки ба гармӣ ва равшанӣ эҳтиёҷи баланд дорад. Нарасидани гармӣ ва рӯшноӣ дар тобистон ва бо намӣ таъмин нашудани он сабаби суст афзоиш ёфтани бутта, навдаҳои ҷавон ва кам гардидани ҳосили соли оянда мегардад.

Муҳлати аз ҳама беҳтарин барои шинонидани ниҳолҳо тирамоҳ-баъд аз рехтани баргҳо мебошад. Ниҳолҳоро дар аввали баҳор низ то зиндашавии табиат мешинонанд. Дар фасли зимистон шинонидани ниҳолҳо дар ҳолати ҳарорати ҳаво то 5 дараҷа будан шинонидан мумкин аст.

Ба маълумоти ҳамсуҳбати мо, хучро аз дона ва пайванди он зиёд кардан мумкин аст. Пеш аз шинонидани решаҳо пору ва намии чуқурии он бояд таъмин карда шавад. Давоми сол на кам аз ду маротиба бояд бехи ниҳолҳо ва байни қаторҳо нарм карда шавад. Буриши навдаҳо ҳам яке аз чораҳои асосии нигоҳубини буттаҳои хуч мебошад, ки ба сифату миқдори ҳосил таъсири зиёд дорад. Буриши ҳамасола бо риояи қоидаҳои боғдорӣ ҳосилро зиёд, сифати ҳосилро беҳтар ва умри буттаҳоро дароз мегардонад.

Асосан хучро дар саноати дорусозӣ васеъ истифода мебаранд. Зеро хуч манбаи ликопин ва витаминҳои А, В, Е, К мебошад, ҳамчунин дар таркибаш оҳан, магний ва дигар моддаҳои минералии фоиданок дошта, обмеваи онро нӯшидан ниҳоят муфид аст. Оби хуч асабро ором ва ҷисми инсонро пурқувват намуда, ба барқароршавии ҳуҷайраҳо мусоидат менамояд. Таҳқиқоти олимон собит намуд, ки дар таркиби хуч нисбат ба лимӯ, мандарин ва афлесун 60 маротиба бештар витамини С вуҷуд дорад. Ин витамин иммунитети инсонро пурқувват гардонида, ба мубориза бар зидди вирусу микроб ва бемориҳои сироятӣ тобовар месозад.

Инчунин фоидаи дигари хуч он аст, ки дар ҳазми ғизо ёрӣ мерасонад. Оби хуч дар таркибаш пектин дошта, рӯдаҳоро ба хуб кор кардан водор месозад. Шахсоне, ки пайваста оби хуч менӯшанд, аз сахт шудани дарун азият намекашанд, бар замми ин, хуч дар мубориза бо кирми рӯда ва дигар бактерияву микробҳое, ки ба системаи ҳозима ворид мешаванд, ёрӣ мерасонад. Хуч ба ҷисми инсон барои аз худ намудани оҳан ёрӣ мерасонад.

 АКС аз манбаъҳои боз

Ноябрь 28, 2024 08:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистону Ҷопон Барномаи ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ барои солҳои 2026-2028 қабул карда мешавад
Доир ба имконоти рушди устувор ва сайёҳии экологии Резервати биосферии «Ромит» конфронси илмӣ баргузор гардид
Иҷрои «Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлими Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» натиҷагирӣ гардид
Дар вилояти Суғд ба маблағи беш аз 836 миллион доллар сармоягузории ватанию хориҷӣ ҷалб гардидааст
Воридоти панелҳои офтобӣ ба Тоҷикистон аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешавад
Ғолибони озмуни «Ҷоизаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳӣ» қадрдонӣ шуданд
Ҷаласаи муштараки кумитаи ҳамоҳангсози Амалиёт оид ба ислоҳоти андоз ва Шурои машваратии андозсупорандагон баргузор шуд
Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон иҷрои низоми иттилоотии АСИКУДА баррасӣ гардид
Дар Бадахшон маросими ҷоизасупорӣ ба фаъолони соҳаҳои саноат, ҳунармандӣ, сайёҳӣ ва занбӯриасалпарварӣ доир шуд
Соли 2026 Кодекси энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул мегардад
Лоиҳаи «Барномаи маърифат ва фарҳанги экологӣ барои солҳои 2026–2030» муаррифӣ гардид
БЕМАСЪУЛИЯТӢ ДАР ИСТИФОДАИ НЕРУИ БАРҚ. Корманди зеристгоҳи барқӣ қувваи барқро ғайриқонунӣ истифода менамояд