Конференсияи XXI ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар Душанбе баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 01.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Конференсияи XXI ҳисоботӣ — интихоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар доданд.
Иброз шуд, ки давоми дуюним сол аъзои ҳизби пойтахт таҳти шиори ҳизб «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум» амал карда, дар рушду пешрафти иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳангиву сиёсӣ, маорифу тандурустӣ, ободониву созандагӣ ва таъмини зиндагии шоиставу арзандаи ҳар сокини шаҳри Душанбе, ки аз ҳадафҳои стратегии ҳизб ва сиёсати хирадмандонаи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеоянд, саҳм гузоштанд.
Дар ин марҳила тибқи дастуру супоришҳои Раиси ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ташкилоти ҳизбӣ дар ҳошияи ҳашари умумишаҳрӣ таҳти унвони «Шаҳри ман-хонаи ман» 22 240 ҳашару шанбегиро бо сабзкорӣ ва шинонидани беш аз 70 000 бех ниҳоли ороишиву сояафкан баргузор карда, 38 майдончаи варзишӣ, ҷойи нишасти калонсолон ва бозии кӯдаконро рангубор ва таъмиру тармим намуданд.
Ҳолл шумораи аъзои ҳизб дар ҳудуди шаҳри Душанбе 88 505 нафарро дар бар мегирад, ки аз ин теъдод 44 499 нафар ё 50,27 фоизи онро занон ва 34 854 нафар ё 39,38 фоизи онро ҷавонон ташкил медиҳанд.
Танҳо давоми дуюним сол 19 493 нафар шаҳрванд ба сафи ҳизб қабул гардида, дар пойтахт 134 ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ таъсис дода шуд.


Иттилоъ дода шуд, ки дар ин муддат сохторҳои ҳизбӣ бо ҷалби фаъолону вакилон ва ҷонибдорони худ дар доираи сиёсати хайрхоҳонаву эҳсонкоронаи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 16 663 нафар аз оилаи ниёзманду бесаробон ва тарбиятгирандагони хона-интернатҳо кумакҳои моддиву молиявӣ расониданд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи ҳисоботӣ 3847 кумак зиёд мебошад.
Пас аз анҷоми конференсия маҷлиси нахустини Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб бо иштироки аъзои нав баргузор гардид.
Дар анҷоми конференсия як зумра фаъолони ҳизб барои фаъолияти пурсамар бо Ифтихорнома ва Сипосномаи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҳизб ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҳавасманд гардонида шуданд.
АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе








Дар Душанбе масъалаи ғизои мактабӣ мавриди баррасӣ қарор дорад
Дар Вазорати адлия Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон бошукуҳ таҷлил гардид
Аҳамияти ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар самти таҳсилоти касбӣ ва омӯзиши забони олмонӣ баррасӣ гардид
ОГОҲӢ! Аз 21 то 24 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ПАРЧАМ-РАМЗИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Масъалаи дастгирии соҳибкории хурду миёна дар бахшҳои истеҳсолӣ дар маҳалҳо баррасӣ карда шуд
Бонувони Академияи миллии илмҳо бахшида ба Рӯзи Парчами Тоҷикистон иқдоми тарғиботӣ гузарониданд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии кӯдакон Форуми сеюми миллии комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак баргузор мегардад
Дар Тоҷикистон беш аз 19 ҳазор ҳунармандон фаъолият менамоянд
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт табақаи ниёзманд дастгирӣ меёбад
Анҷумани ҷавонони Созмони ҳамкории Шанхай соли 2026 дар Душанбе баргузор мегардад
Меъёрҳои муқарраргардидаи ҳарорати гармӣ дар баъзе биноҳои баландошёнаи шаҳри Душанбе риоя намегардад






