Конститутсия барои занону духтарон ҳуқуқ ба таҳсил ва корро фароҳам овардааст

Ноябрь 5, 2024 13:24

ДУШАНБЕ, 05.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Таъмини ҳуқуқу манфиатҳои занон дар ҷомеа, ҳуқуқ ба таҳсил ва кор, ҷалби занону духтарони соҳибмаърифату болаёқат ба корҳои давлативу ҷамъиятӣ ҳамчун неруи тавоно ва пешбаранда, тақвияти мавқеи занон дар ҷомеа ва боз ҳам баланд бардоштани сатҳи иштироки онҳо дар фаъолияти соҳаҳои мухталифи давлат дар моддаҳои 17, 33 ва 35-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нахустмеъёри танзимкунандаи фаъолияти занони мамлакат маҳсуб мешавад. Чунин иброз гардид дар Конференсияи ҷумҳуриявӣ, ки бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Конститутсия-шоҳсутуни низоми давлатдорӣ» баргузор гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, иштирокчиён ёдовар шуданд, ки солҳои аввали Истиқлоли давлатӣ барои мардуми Тоҷикистон, пеш аз ҳама, барои занон давраи вазнин ва имтиҳони сахти рӯзгор буд. Бо вуҷуди он, занон дар татбиқи ҳадафҳои сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ ва идоракунии давлат, аз ҷумла баррасии умумихалқии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоботи вакилон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми назаррас гузоштанд.

Бо назардошти ин фаъолияти чашмрас Ҳукумати Тоҷикистон аввалин маротиба иштироки тоҷикзанонро дар Конференсияи чоруми умумиҷаҳонии занон, ки соли 1995 дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид, таъмин намуд. Дар ин давра қонуни асосии мамлакат ҳаматарафа такмил ёфта, Тоҷикистон ва миллати тоҷикро ҳамчун узви ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуд.

Иброз гардид, ки қабули Конститутсия дар роҳи бунёд ва ташаккули давлатдории миллии тоҷикон, пайвастани он бо ҷомеаи ҷаҳонӣ, ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ, таъмини сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон нақши барҷастаи таърихӣ гузошт.

Дар конференсия як зумра занони фаъоли сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ барои иштироки фаъолона дар ҳаёти сиёсиву ҷамъиятии мамлакат бо Сипосномаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

АКС: Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Ноябрь 5, 2024 13:24

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли қулфинай фаромӯшхотириро кам мекунад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ бо фаъолони ноҳияҳои минтақаи Рашт ва шаҳри Роғун вохӯрӣ намуд
ҲХДТ ва Ҳизби коммунистии Чин робитаҳоро густариш медиҳанд
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Дӯстии ҷавонон» баргузор мегардад
Доир ба татбиқи грантҳои Хазинаи пандемикӣ дар Тоҷикистон ҷаласа баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи пойтахт дар шаҳри Душанбе ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Женева оид ба иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон гузориш пешниҳод намуд
Роҳҳои муассири мубориза бо чангу ғубор кадомҳоянд?
Оид ба саҳми тоҷикон дар ташаккули тамаддуни Осиёи Марказӣ конфронси ҷумҳуриявӣ доир гардид
Кумита бар зидди шиканҷаи СММ ба гузориши миллии Тоҷикистон оид ба иҷрои Конвенсия бар зидди шиканҷа баҳои баланд дод
Чангу ғубор сабаби авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бо намояндагони Кумитаи СММ бар зидди шиканҷа вохӯрӣ намуд