Магистранти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар Олимпиадаи байналмилалии Туркманистон сазовори ҷойи сеюм гардид

Ноябрь 30, 2024 08:36

ДУШАНБЕ, 30.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. 2 нафар магистрантони факултети химияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар Олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни химия, ки дар Донишгоҳи давлатии Туркманистон ба номи Махдумкулӣ баргузор гардид, сазовори ҷойи сеюм ва ифтихорӣ гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи миллии  Тоҷикистон хабар доданд.

Олимпиада дар категорияҳои «А» ва «В» гузаронида шуд, ки аз рӯйи дараҷаи мураккабии масъалаҳое, ки аз ҷониби гурӯҳи байналмилалии коршиносон дар ҳайати ҳакамон таҳия шудаанд, фарқ мекунад.

Дар озмун  2 нафар магистранти факултети химияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон — Азизбек Мираҳимов сазовори ҷойи сеюм ва Шукрулло Машрабов сазовори ҷойи ифтихорӣ гардиданд.

Олимпиада аз 25 то 29 ноябр дар Донишгоҳи давлатии Туркманистон баргузор гардида, дар он беш аз 220 довталабон  аз 13 давлати ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон, Русия, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Арманистон, Маҷористон,  Амрико, Эрон, Чин, Япония, Австрия, Испания, Италия, Малайзия ва ғайра иштирок намуданд.

Бояд таъкид кард, ки дар партави сиёсати маорифпарваронаи Президенти  мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дар соҳаи илму истеҳсолот ба дастовардҳои назаррас шарафёб гашта истодааст.

Тавре иттилоъ дода шуд, бо мақсади амалинамоии Стратегияи омӯзиш ва рушди фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ (барои давраи то соли 2030 ва иҷрои талаботи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф барои солҳои  2020-2040) устодону донишҷӯёни факултети химияи Донишгоҳи миллӣ бо дастгирии раёсати донишгоҳ пайваста чораҳои амалӣ  меандешанд. Ҳамин аст, ки онҳо дар чорабиниҳои сатҳи гуногуни байналмилалӣ иштирок намуда, бо дастоварҳои намоён  ба Ватан бармегарданд.

АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Ноябрь 30, 2024 08:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳру ноҳияҳои Суғд 986 муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Байни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон ва Донишгоҳи технологии Ланҷоу Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
157 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» роҳхат гирифтанд
ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ЗЕҲНИ СУНЪИИ БЕХАТАР ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Доир ба масоили муҳими соҳаи нақлиёт ва инфрасохтори роҳҳо конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Зиёда аз 40 ҳазор нафар ҷавонони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии қариб 50 кишвари ҷаҳон илму дониш ва касбҳои муосир меомӯзанд
Масоили омода намудани мутахассисон дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон баррасӣ шуд
350 нафар донишҷӯёни тоҷик дар Ҷумҳурии Корея таҳсил менамоянд
Ёддошти тафоҳум байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Корея ба имзо расид
Байни Тоҷикистон ва Корея Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ оид ба барқарорсозии рақамии ҷангалҳо ва амалиёти иқлимӣ ба имзо расид
Барои рушди соҳаи маорифи ноҳияҳои водии Рашт дар 20 соли охир беш аз 2,1 миллиард сомонӣ равона шудааст