«НАҚШИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАШАККУЛИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон конференсияи байналмилалӣ доир шуд

Ноябрь 21, 2024 16:49

ДУШАНБЕ, 21.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ташаккули давлатдории миллӣ» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Зимни ифтитоҳи конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ иброз шуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар муддати начандон тӯлонӣ дар ҷомеа нуфузу ҷойгоҳи арзандаро соҳиб гашта, аз оғози таъсис то имрӯз дар пешрафти мамлакат нақши сазовор мегузорад. Давоми 30  соли фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар саросари ҷумҳурӣ дигаргуниҳои бузург ба амал омадаанд, ки маҳз далели шиори ҳизб мебошанд. Ҳанӯз аз рӯзҳои аввали давлатсозӣ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ҳизби бориз ва созандаю ободкор таърихи навин нақши босазо гузошт.

Тавре Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдулло Раҳмонзода иброз дошт, «давоми се даҳсолаи фаъолият Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз марҳилаҳои душвор гузашта, сол то сол на танҳо мақому манзалати он устувор гардид, балки тақвияту густариш ёфт. Ҳизби Халқии Демократии Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар заминаи мақсаду аҳдофи сиёсии оинномавӣ фаъолияти худро шарафмандона амалӣ менамояд. Инчунин барои мусоидат ба таъмини сулҳу субот дар ҷомеа, рушди самтҳои муҳими иқтисодиёту иҷтимоиёт, маорифу фарҳанг, тандурустӣ  ва тарғиби афкори миллии иҷтимоӣ корҳои назаррасро анҷом медиҳад».

Маҳз ҳамин садоқату ифтихор заминаи устувори марҳилаи рушду пешрафт ва таъмини таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ арзёбӣ гардидааст. Дар саргаҳи амалӣ намудани ҳадафҳои созанда  ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши меҳварӣ доранд.

Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ баён намуд, ки «густариш бахшидани худшиносиву худогоҳии миллӣ, ҳисси ватандӯстии мардум ва баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии сокинони мамлакат, бахусус наврасону ҷавонон аз ҷумлаи ҳадафҳо ва самтҳои асосии марҳилаи имрӯзаи рушди давлатдории миллӣ мебошад. Аз ин рӯ, яке аз иқдоми назарраси ташкилоти ҳизбӣ дар солҳои охир тақвият бахшидани худшиносию ватандӯстӣ, масъулияти шаҳрвандӣ ва ба корҳои созандагӣ ҷалб намудани сокинони ҷумҳурӣ аст».

Худшиносии миллӣ инъикосгари хусусияти руҳию равонии афроди ҷомеа, шинохти мақом ва нақши таърихию сиёсии миллат, шинохти ҷойгоҳи худ дар тамаддуни ҷаҳонӣ ва ташаккули ифтихору ғурури созандаи миллӣ аст. Худшиносии миллӣ, пеш аз ҳама, дарки зарурати суботу амният, ваҳдат ва якпорчагии марзу буми ватан ва дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ яктану якҷон будан аст. Талошҳои Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон замина фароҳам оварданд, ки миллати тоҷик ҳамчун воҳиди ягонаи сиёсӣ ва фарҳангӣ ташаккул ёбад. Дар ин давра дар самти эҳёи фарҳангу арзишҳои миллӣ, тақвияти худшиносии миллӣ ва ташаккули руҳияи ягонаи миллӣ қадамҳои устувор гузошта шуданд.

Зимни конференсия роҳбарону намояндагони Ҳизби умумирусиягии «Единая Русия»-и Федератсияи Русия, Ҳизби коммунистии Чин, Ҳизби сиёсии «Амонат»-и Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҳизби «Ени Азербайджан»-и Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Ҳизби сиёсии «Белая Рус»-и Ҷумҳурии Беларус ба таври маҷозӣ пайваст гардида, табрик намуданд.

Дар фарҷом ба муносибати 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба як зумра фаъолони ҳизб, ки дар амалӣ гардидани ҳадафҳои Оиннома ва барномаҳои ҳизб саҳми арзанда гузоштаанд, Сипоснома супорида шуд.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 21, 2024 16:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе оид ба нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ форуми байналмилалӣ баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд