Намояндаи Тоҷикистон дар Форуми иҷтимоии Шурои ҳуқуқи инсони СММ-2024 иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 02.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 1 ноябр Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид (СММ) ва дигар созмонҳои байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода дар панели чорабинии асосӣ дар мавзуи «Истифодаи захираҳои дохилӣ ва сармоягузорӣ барои рушди устувор»-и Форуми иҷтимоии Шурои ҳуқуқи инсони СММ-2024 иштирок намуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария хабар медиҳад, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба талошҳои ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти истифодаи захираҳои дохилӣ ва сафарбар намудани онҳо ба соҳаҳои иҷтимоӣ, аз қабили маориф, тандурустӣ, зерсохтори иқтисодию-иҷтимоӣ сухан гуфта, оид ба ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар самти обу иқлим, ки дар татбиқи Ҳадафҳои рушди устувори аҳаммияти калидӣ доранд, маълумот пешниҳод намуд.
Дар чорабинии мазкур намояндагони давлатҳои аъзои Шурои ҳуқуқи инсон, созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва коршиносони соҳа иштирок доштанд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария








Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид






