Намояндаи Тоҷикистон дар Форуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатҳои Осиёи Марказӣ иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 20.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 20 ноябр дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон Форуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид. Дар форум беш аз 200 нафар роҳбарону намояндагони донишгоҳу донишкадаҳо иштирок намуданд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон.
Дар Форуми ректорони давлатҳои Осиёи Марказӣ ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ Ҳомид Ҳошимзода дар мавзуи «Ҳамкории байналмилалӣ ҳамчун заминаи баланд бардоштани сифати таҳсил» маъруза намуд. Дар маъруза ташкил намудани фазои ягонаи таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварҳои Осиёи Марказӣ таъкид гардид.
Дар ҷараёни форум байни донишгоҳҳои гуногуни давлатҳои Осиёи Марказӣ шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд.
Таъкид шуд, ки баргузории форум ба рушди ҳамкории дуҷонибаву бисёрҷониба дар соҳаи илму маориф мусоидат менамояд.
Дар анҷоми форум тавсияҳо оид ба ҳамкорӣ ва рушди муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатҳои Осиёи Марказӣ пешниҳод шуданд.
АКС: Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон








Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба иқтисоди миллӣ ҳамоиш доир шуд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Brainiacs» 173 ҷойи ифтихориро сазовор шуданд
Фаррух Каримзода дар Олимпиадаи кушоди математикии донишҷӯёни мактабҳои олии ҷаҳон соҳиби медали тилло гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ 10 муассисаи томактабӣ бунёд мегардад
Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд






