Омӯзиши Конститутсия ва қонунҳо дар давлати ҳуқуқбунёд масъалаи меҳварии ҷомеа мебошад

Ноябрь 5, 2024 19:50

ДУШАНБЕ, 05.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Қабули Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсоз дар инкишофи давлатдории навини Тоҷикистон марҳалаи нави таърихиро оғоз бахшида, боиси дигаргуниҳои куллӣ дар ҳаёти сиёсии ҷомеаи мо гардид. Дар Конститутсия манфиатҳои миллӣ, арзишу анъанаҳои таърихан ташаккулёфтаи фарҳангии халқи тамаддунсози тоҷик, марому мақсади наслҳои гузашта, имрӯза ва ояндаи халқ ифодаи озоди худро пайдо намуданд.

— Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз ҷашнҳои асосии миллии халқи тоҷик мебошад ва он ҳамасола 6 ноябр таҷлил мегардад. Аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шуда, мурури замон нишон дод, ки роҳи интихобнамудаи халқи Тоҷикистон дуруст аст. Баъдтар, вобаста ба тағйир ёфтани вазъи сиёсиву ҷамъиятии мамлакат дар натиҷаи райпурсии умумихалқӣ 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 ба Конститутсияи Ҷумҳури Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд.

Конститутсияи Ҷумҳури Тоҷикистон, ки Конститутсияи насли нав ба ҳисоб меравад, муносибати либералӣ – иҷтимоиро ба таҳкими ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, ки дар таҳкими ҳуқуқҳои шахсӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ дар сатҳи баробар ифода ёфтааст, инъикос менамояд.

Бартарӣ ва хусусияти хоси Конститутсия аз он иборат аст, ки ин Конститутсияи давлати соҳибистиқлол арзёбӣ гардида, шакли идораи ҷумҳуриявии президентиро муқаррар намуд. Ин шакл имконият дод низоми ягонаи мақомоти давлатӣ, сулҳу салоҳ, ваҳдату оромӣ ва қонунияту тартибот таъмин гардида, ба инкишофи ҷомеа ва рушди ҳуқуқи инсон мусоидат карда шавад.

Бартарии дигари Конститутсияи Ҷумҳури Тоҷикистон (соли 1994) назар ба конститутсияҳои пешина ин аст, ки он аввалин бор дар таърихи сиёсии ҷумҳурӣ таҷзияи ҳокимиятро дар сатҳи Конститутсияи мамлакат эътироф намуда, Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи он худро давлати иҷтимоӣ эълон намуд ва барои ҳар инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад. Дар он инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ ҷавҳари асосии сиёсати давлатро ташкил дода, забони тоҷикӣ чун забони давлатӣ, муқаддасоти миллӣ – Парчам, Нишон, Суруди миллӣ ифодаи қонунии худро ёфтаанд. Муҳимтарин талаботи Конститутсия ин буд, ки тибқи он дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ, ки онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад, эътироф карда мешавад.

Хусусияти хоси ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандие, ки дар Конститутсия пешбинӣ шудаанд, ба ҳар кас аз рӯзи таваллуд тааллуқ дошта, дахлонапизаранд. Маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд танҳо ба мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои дигарон, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи асосҳои сохтори конститутсионӣ, амнияти давлат, мудофиаи мамлакат, ахлоқи ҷомеа, сиҳатии аҳолӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ раво дониста мешавад. Дар партави ин санади тақдирсоз ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон, истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ таҳким бахшида шуда, барои меҳнати озодонаи ҳар сокини ҷумҳурӣ, таълиму тарбия дар мактаб ва оила шароити кофӣ муҳайё карда шуд. Ҳамзамон ба озодии муоширати намояндагони халқу миллатҳои гуногуни ҷумҳурӣ, истифодаи забони модарӣ, рафту омади бемамониат, озодии виҷдон, матбуот, афкору андешаи ҳар сокини мамлакат шароити васеъ фароҳам оварда шуд. Ба шарофати амали он бисёрандешиву бисёрҳизбӣ, ҳифзи ҳуқуқи инсон ва шаҳрвандон ба таври возеҳ арзи вуҷуд намуд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби коршиносони намоён ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла мутахассисони Русия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва давлатҳои Аврупо баҳои сазовор гирифт. Маҳз таҷассуми меъёрҳои ҳуқуқи инсон дар Конститутсия буд, ки Конститутсияи Тоҷикистон аз шумули панҷ конститутсияи беҳтарини давлатҳои аъзои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо эътироф гардид. Бояд гуфт, ки зимни таҳияи Конститутсия масъалаҳои мутобиқгардонии санадҳои миллӣ бо санадҳои байналмилалӣ низ ба инобат гирифта шудааст.

Бо мақсади таъмини ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот, бахусус дар бораи вазъи ҳуқуқи инсон дар сатҳи қонунгузорӣ ва амалия чораҳои дахлдор андешида мешаванд. Таҳкурсии ҳуқуқии қонунгузорӣ дар бораи дастрасӣ ба иттилоот Конститутсия ба шумор рафта, тибқи моддаи 25 мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва шахсони мансабдор вазифадоранд ба ҳар кас имконияти пайдо намудан ва шинос шуданро ба ҳуҷҷатҳое, ки ба ҳуқуқ ва манфиати ӯ дахл доранд, таъмин намоянд, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонун муайян кардааст.

Тибқи моддаи 31 Конститутсияи Ҷумҳури Тоҷикистон ҳар шаҳрванд ҳуқуқ дорад шахсан ва ё якҷоя бо дигарон ба мақомоти давлатӣ муроҷиат намояд. Ин он маъноро дорад, ки ҳар шахс ҳуқуқи худро ба муроҷиат озод ва ихтиёрӣ амалӣ менамояд. Маҷбур намудани шахс барои муроҷиат кардан ё иштирок намудан дар пешниҳоди он тибқи қонунгузорӣ манъ карда шудааст. Инчунин ба маҳдудкунӣ ба муроҷиат вобаста ба миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсилот ва молу мулк, инчунин шакли моликият, маҳалли ҷойгиршавӣ, шакли ташкилию ҳуқуқии шахсони ҳуқуқӣ роҳ дода намешавад.

Мувофиқи Конститутсия ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, ҳақ доранд аз забони модариашон озодона истифода баранд.

Тибқи моддаи 39 — и Конститутсияи Ҷумҳури Тоҷикистон ба ҳар шахс дар пиронсолӣ, ҳангоми беморӣ, маъюбӣ, гум кардани қобилияти меҳнатӣ, маҳрум шудан аз саробон ва дигар ҳолатҳое, ки қонун муқаррар кардааст, ҳуқуқи таъминоти иҷтимоӣ кафолат дода мешавад.

Ҳамин тариқ, Конститутсия танзимкунандаи тамоми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад. Аз ин рӯ эътироф гузоштан ба ин санади меъёрии ҳуқуқи вазифаи ҳар шаҳрванди ҷумҳурӣ мебошад. Ин меъёр ҳатто дар матни худи Конститутсия дарҷ шудааст.

Тибқи дастуру супориши Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, корҳои фаҳмондадиҳию маърифатӣ, шарҳу тафсири илмию оммавии меъёрҳои Конститутсия ва қонунҳо бо иштироки олимон, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, дигар мутахассисон ва дар ин замина ташкилу баргузор намудани барномаҳои махсус тавассути воситаҳои ахбори омма васеъ ба роҳ монда шаванд. Зеро омӯзиши Конститутсия ва қонунҳо дар давлати ҳуқуқбунёд масъалаи меҳварии ҷомеа мебошад ва аз ҷониби тамоми қишрҳои ҷомеа бояд амалӣ карда шавад.

Сафаргули ШАМСУЛЛО,
сармутахассиси шуъбаи байналмилалӣ, иттилоотӣ,
таҳлилӣ ва ташкилии Дастгоҳи Ваколатдор оид
ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

АКС аз манбаъҳои боз

 

Ноябрь 5, 2024 19:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Вазорати энергетика ва захираҳои об 30-солагии Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
БАХТНОМАИ МИЛЛАТ. Дар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» бахшида ба Рӯзи Конститутсия ҷамъомад доир шуд
Дар Суди конститутсионӣ бахшида ба рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бахшида ба 30-солагии Конститутсия ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ОГОҲӢ! Дар рӯзҳои сарду боронӣ эҳтиёткор бошед
Шаҳри Душанбе сазовори «Шоҳҷоиза»-и Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа, маҳали аҳолинишин ва хонаи истиқоматӣ» гардид
ҲАМИН КОНСТИТУТСИЯРО ҚАБУЛ ВА ЭЪЛОН МЕНАМОЕМ! Дар он ормонҳои миллии мо таҷассум ёфтаанд
Оператори мобилии «Анор» толорҳои фирмавӣ кушода, рақамҳои «қиматбаҳо» ҳадя менамояд
Имрӯз Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
30-СОЛАГИИ КОНСТИТУТСИЯИ ТОҶИКИСТОН. Дар Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳамоиш доир шуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конфронси байналмилалӣ доир гардид