ПАЙВАНДИ ИЛМ ВА АМАЛ. Дар Шаҳринав вобаста ба кишти донаку тухмии дарахтон машварат доир гардид
ШАҲРИНАВ, 10.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Хоҷагии давлатии фаръии ниҳолпарварии ба номи Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Шаҳринав бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии хоҷагии ниҳолпарварии «Тоҷикниҳолпарвар» дар ҳамбастагӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав дар мавзуи «Кишти донаку тухмии дарахтони мевадиҳанда, ороишию сояафкан, дарахтони нодир ва омода намудани қаламчаҳо» машварати амалӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав иттилоъ доданд.
Олимону мутахассисони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, меҳмонон ва аъзои хоҷагиҳои ниҳолпарвар зимни машварати амалӣ бо таҷрибаи ниҳолпарварӣ ва технологияи парваришу нигоҳубини дарахтони ситрусӣ, бахусус дарахти лимӯ дар хоҷагии деҳқонии Ҳоҷӣ Аҳмад шинос шуданд. Дар ин хоҷагӣ зиёда аз 400 бех дарахти лимӯ дар гармхонаҳо парвариш гардида, дар айни замон аксар ниҳолҳои он ҳосили фаровон доранд.
Меҳмонон ҳамзамон бо технологияи омода намудани мавиз аз ангури хоҷагӣ шинос шуданд. Дар майдони 4 гектар замини хоҷагии деҳқонии Ҳоҷӣ Аҳмад навъҳои гуногуни ангур парвариш карда мешаванд. Соли равон боғҳои ангури хоҷагӣ ҳосили фаровон доштанд, ки ҷамъоварӣ шуда, қисми зиёди он дар анборҳои махсуси сардхонаҳо нигоҳ дошта мешаванд.
Иштирокчиёни машварат дар Хоҷагии давлатии фаръии ниҳолпарварии ба номи Мирзо Турсунзода ҳамчунин бо намоиши дастовардҳои хоҷагӣ, мевагиҳо ва ниҳолу тухми донакҳои дарахтон шинос шуданд. Зимни машварат муовини якуми Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуралӣ Асозода, директори корхонаи «Тоҷикниҳолпарвар» Қурбон Зуҳурзода ва профессори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон Сайдалӣ Гулов доир ба кишти донаку тухмии дарахтони мевадиҳанда, ороишию сояафкан, дарахтони нодир ва омода намудани қаламчаҳо сухан гуфтанд.
Омӯзгорону олимони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба иштирокчиён технологияи омода намудани қитъаи замин, шинонидани донаку тухмии дарахтони мевадиҳанда, ороишию сояафкан, дарахтони нодир ва тарзи дуруст омода намудани қаламчаҳо барои шинонидан, инчунин роҳу усулҳои гузаронидани кишти донаку тухмии дарахтони мевадиҳанда, ороишию сояафкан, дарахтони нодир ва омода намудани қаламчаҳоро дар амал нишон доданд.


АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав








Ҳайати Тоҷикистон дар намоишгоҳи «Ҳафтаи байналмилалии сабз» дар шаҳри Берлини Олмон иштирок дорад
ФЕСТИВАЛИ АНОРПАРВАРОН. Чӣ бояд кард, то дар бозорҳо анори тоҷикӣ фаровон гардад?
Фурудгоҳҳои байналмилалии Душанбе, Бохтар ва Кӯлоб навсозӣ мешаванд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Покистон дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат густариш меёбад
Данғара – Гулистон — аввалин роҳи мошингарди Тоҷикистон, ки бо тарҳи «роҳҳои сабз» навсозӣ мешавад
Беш аз 22 фоиз сармоягузории ба рушди Шабакаи нақлиётии АвруОсиё равонашуда ба кишварҳои Осиёи Марказӣ рост меояд
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ доир мегардад
Ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш меёбад
Татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар самти энергияи барқароршаванда байни Тоҷикистон ва Ҳиндустон баррасӣ шуд
ИСЛОҲОТ ДАР НИЗОМИ ИҶОЗАТДИҲӢ. Тоҷикистон фазои маъмуриро барои соҳибкорону сармоягузорон мусоидтар намуд
Дар Тоҷикистон кадом бахши кишоварзӣ аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ пурра озод мебошад?
Лоиҳаи «Барномаи давлатии рушди инноватсионии соҳаи пахтакорӣ барои солҳои 2026-2030» таҳия мегардад






