«ПЕШВОИ МИЛЛАТ-КАФИЛИ САОДАТ ВА ИФТИХОРИ ҶАВОНОН». Ҳамоиши ҷавонони шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд доир мешавад
ДУШАНБЕ, 11.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд имрӯз таҳти унвони «Пешвои миллат-кафили саодат ва ифтихори мо, ҷавонон» дар партави сиёсати хирадмандона ва ҷавонпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамоиши ҷавонони шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
10 ноябр дар доираи ин ҳамоиш ҷавонони гуногункасби пойтахт бо мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва сайёҳии вилояти Суғд, аз ҷумла Қасри фарҳанг, Коллеҷи ҳунарҳои мардумӣ, Қалъаи муғ ва дигар иншооти ҳудуди шаҳри Истаравшан, қалъа ва Осорхонаи шаҳри Хуҷанд шинос шуда, дар ин шаҳри бостонӣ сайри шомгоҳӣ намуданд.
Дар идома дар шаҳри Гулистон барномаи фарҳангии «Шоми ҷавонӣ» доир шуд. Ҳамчунин бо сарбозону афсарони қисми низомӣ, воқеъ дар шаҳри Истаравшан мулоқоту суҳбат ва барномаҳои фарҳангӣ баргузор гардид.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд 17 ихтисоси нав таъсис дода шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалӣ оид ба кори иҷтимоӣ ва хизматрасониҳои иҷтимоӣ доир гардид
«ҲАФТКӮЛ». Ин мавзеи табиии Тоҷикистон маркази рушди сайёҳии экологӣ маҳсуб мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
3 август дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат ва Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ нишасти матбуотӣ доир мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе шумораи электробусҳо қариб ба 200 адад мерасад
Имрӯз дар доманакӯҳҳо ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад






