Раёсат дар Шурои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2025 ба ҷониби Тоҷикистон гузашт

Ноябрь 30, 2024 09:07

ДУШАНБЕ, 30.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 29 ноябр муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода дар ҷаласаи навбатии Шурои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия.

Ҳоким Холиқзода нуктаҳои асосии Консепсияи Раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус дар бахшҳои иҷтимоию иқтисодии иттиҳодро дар марҳилаи навбатӣ дар соли 2025 муаррифӣ намуд.

Дар зимн сарони ҳайатҳо тибқи рӯзномаи шуро масъалаҳои мубрами ҳамкории иқтисодӣ дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро мавриди муҳокима қарор дода, лоиҳаҳои санадҳоро, ки ба таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварҳои иштирокдори ин созмон равона гардидаанд, баррасӣ ва тасдиқ намуданд.

Доир ба тамоми масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа қарорҳои дахлдор ба имзо расонида шуданд.

Ҷониби Тоҷикистон раисии минбаъдаро дар Шурои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои соли 2025 аз ҷониби Русия қабул намуд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия

Ноябрь 30, 2024 09:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд