«РОҒУН»-ФАРДОИ ДУРАХШОНИ ТОҶИКИСТОН. Бо бунёди пурраи он Тоҷикистон дар таъмини рушди иқтисодӣ бештар муваффақ мегардад
ДУШАНБЕ, 10.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Неругоҳи барқи обии «Роғун», ки сохтмони он ҳоло дар шарқи Тоҷикистон- дар рӯди Вахш бо суръат идома дорад, яке аз бузургтарин неругоҳҳои барқи обии дунё буда, дар ҳолати пурра анҷом ёфтани корҳои сохтмонӣ дар ин тарҳи бузурги гидроэнергетикӣ барои рушд ва пешрафти иқтисоди Тоҷикистон заминаи боэътимод фароҳам оварда мешавад. Чунин гуфт дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» мутахассиси ширкати «Khakroud»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон Комрон Маҳдевӣ.
Комрон Маҳдевӣ афзуд, ки 60 мутахассиси ширкати «Khakroud», ки самти фаъолияташ ба бунёди неругоҳҳои барқӣ, сарбандҳои бузург ва нақбҳо нигаронида шудааст, аз соли 2016 инҷониб дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар сохтмони зеризаминии неругоҳ, аз ҷумла дар бахши корҳои буриш, таркиш ва пармагарӣ фаъолият доранд.
Корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти азими аср чӣ гуна пеш мераванд? Дар посух ба ин савол мутахассиси ширкати «Khakroud» гуфт, ки “ҷараёни корҳо дар Неругоҳи барқи обии «Роғун», хусусан дар он бахше, ки ман масъул ҳастам, бо сифати баланд ва хуб пеш мераванд. Корҳои марбут ба таркиш ба анҷом расонида шуда, корҳои пармагарӣ ва бетонхобонӣ босуръат идома доранд”.
Ҳамсуҳбати мо гуфт, ки мутахассисони ширкати «Khakroud» дар бунёди тарҳҳои бузурги гидроэнергетикӣ таҷрибаи бой дошта, қаблан дар сохтмони Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-2» дар Тоҷикистон, сарбанди «Тоҷан», сарбанд ва неругоҳи «Масҷиди Сулаймон», сарбанди «Шаҳриёр», сарбанди «Қорун –III», нақби «Кӯҳранг – III», неругоҳи «Сиёҳбиша» -ҳама дар Эрон ва Лоиҳаи неругоҳи барқи обии Ҳиндустон саҳм гузоштаанд.
Бояд гуфт, ки Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба силсилаиншооти энергетикии Вахш дохил буда, дар километри 110-уми самти шарқи Душанбе воқеъ мебошад. Неругоҳ аз 6 чархаи 600 МВт иборат буда, сарбанди «Роғун» бо 335 метр баландтарин садди заминӣ -гиливу сангӣ дар ҷаҳон маҳсуб шуда, бо иқтидори 3600 мегаватт калонтарин неругоҳи барқи обӣ дар минтақа хоҳад буд.
Ба иттилои роҳбари гурӯҳи сафарбаршудаи намояндаи фармоишгар дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» Қурбонназар Давронов, ҳоло корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти бузурги стратегӣ, ки таҳти таваҷҷуҳи хоссаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд, босуръат пеш мераванд. Дар неругоҳ 37 ширкати сохтмонии ватанию хориҷӣ, 17 ҳазор коргарону мутахассисон ва беш аз 3,5 ҳазор техника пурмаҳсул фаъолият доранд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
Душанбе-Роғун-Душанбе
АКС: АМИТ «Ховар»













Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар соҳаҳои сармоягузорӣ ва иқтисод баррасӣ гардид
Татбиқи лоиҳаи «Азнавпайвастшавӣ ба низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ» баррасӣ гардид
Ҷаласаи якуми Шурои байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор шуд
Дар ҷаласаи Шуро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ чор лоиҳаи нав ба маблағи 82,5 миллион сомонӣ баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон хизматрасонии интернети моҳворавии Starlink расман оғоз гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ба буҷети давлатӣ аз ҳисоби бақияи қарзи андозҳо беш аз 2 миллиард сомонӣ ворид карда шуд
Соли 2025 дороиҳои «Амонатбонк» 11 миллиард сомонӣ ва уҳдадориҳояш 9,9 миллиард сомониро ташкил дод
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба 176,9 миллиард сомонӣ баробар гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия 924,4 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор намуд
Соли 2025 ба буҷети давлатӣ аз ҳисоби пардохтҳои гумрукӣ 12 миллиарду 720,1 миллион сомонӣ ворид карда шуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 13 феврал дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Гардиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон ба 10 миллиарду 740 миллион доллар расид






