Таҳкими робитаҳои тиҷоратию сармоягузорӣ байни Тоҷикистон ва Малайзия баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 19.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 18 ноябр дар шаҳри Куала Лумпури Малайзия дар ҳошияи Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Малайзия мулоқоти ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Федератсияи байналмилалии палатаи савдои Малайзия хонум Кристина Ти баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Зимни вохӯрӣ иброз гардид, ки Тоҷикистон бо мақсади роҳ ёфтан ба бозорҳои сармоя, технология ва маҳсулоти саноатӣ рушду таҳкими ҳамкории мутақобили садмандро бо кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ аз самтҳои афзалиятнок меҳисобад.
Дар вохӯрӣ инчунин вобаста ба масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ байни палатаҳои савдо ва саноати ду давлат дар самти дастгирии тиҷорат ва амалиёти содиротиву воридотӣ, ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар робита ба воридоту содироти маҳсулоти тамғаи «ҳалол» дар бозорҳои Тоҷикистон ва Малайзия, ҷалби сармоя ва ташкили корхонаҳои муштарак табодули афкор карда шуд.
Ҷонибҳо барои таҳкими робитаҳои тиҷоратию сармоягузорӣ ва табодули сафарҳои тоҷирону сармоягузорон бобати омӯзиши имконияти ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногуни иқтисодиёт ба мувофиқа расиданд.
Дар ҳошияи форум ҳайати мамлакат барои тавсеа ва таҳкими ҳамкории дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ 18 ноябр инчунин мулоқоти Вазири саноат ва технологияҳои нав Шералӣ Кабир, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Султон Раҳимзода ва намояндагони дигар вазорату идораҳои ҷумҳурӣ бо Вазири молияи Малайзия Датук Сери Амир Ҳамза Азизан баргузор гардид.
Зимни мулоқот маҷмуи масъалаҳо вобаста ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, аз ҷумла ҷалби сармояи мустақим аз Малайзия ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок дар самтҳои иқтисоди “сабз”, энергетика, манбаҳои неруи таҷдидпазир, истихроҷу коркарди канданиҳои фоиданок ва коркарди ашёи хом мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифт.
Дар мулоқот фазо ва имконияти сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ шуда, оид ба тадбирҳои созандаи Ҳукумати мамлакат дар самти ислоҳоти соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва барномаву стратегияҳои давлатӣ барои рушди соҳибкорӣ, ҷалби бештари сармояи хориҷӣ, таъсиси ширкатҳои муштарак ва дастгирии соҳибкории хурду миёна маълумот пешниҳод гардид.
Ҳамзамон зимни вохӯрии Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода бо муовини Вазири сармоягузорӣ, савдо ва саноати Малайзия Лю Чин Тон масъалаҳои вобаста ба иштирок ва мусоидати доираҳои соҳибкорию сармоягузории Малайзия дар татбиқи лоиҳаҳои хурду бузурги иқтисодию иҷтимоӣ дар Тоҷикистон муҳокима шуданд.
Рушду тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаи тиҷорату иқтисод яке аз самтҳои асосии тадбирҳои муштараки Тоҷикистон ва Малайзия маҳсуб шуд.
Ҷонибҳо доир ба ҷалби сармояи Малайзия ба соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллии Тоҷикистон, аз ҷумла саноати сабук, нассоҷӣ, саноати дорусозӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмон, маъданҳо, энергетика, сайёҳӣ ва технологияҳои иттилоотӣ табодули афкор намуданд.
АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон








ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад






