Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон

Ноябрь 16, 2024 13:45

ДУШАНБЕ, 16.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. 16 ноябр дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон бахшида ба таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ҳамватанони бурунмарзӣ чорабинӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон хабар доданд.

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Вафо Ниятбекзода таъкид намуд, ки мардуми тоҷик Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро чун ҷашни фархунда, рамзи меҳру муҳаббату садоқат ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлил менамоянд.

Сафири Тоҷикистон нақши муҳими Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар давлатдорӣ ва таърихи навини тоҷикон, аз ҷумла ҳимояи осори таърихӣ ва фарҳанги миллӣ таъкид намуд.

Иброз гардид, ки Рӯзи Президент чун ҷашни фархунда ба густариши бештари худшиносиву меҳанпарастӣ ва ифтихори ватандории ҳар фарди Тоҷикистон неруи тоза мебахшад.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон

Ноябрь 16, 2024 13:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд
Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид