Таҷрибаи Ҷумҳурии Корея оид ба истифодаи технологияҳои ҳушманд дар соҳаи кишоварзӣ дар ноҳияҳои Тоҷикистон баррасӣ гардид

Ноябрь 27, 2024 15:56

ДУШАНБЕ, 27.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 27 ноябр ҳайати намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон дар шаҳри Ичони вилояти Кёнгидои Ҷумҳурии Корея  бо фаъолияти гармхонаи ҳушманди «Smart Farm Essence» шинос шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея хабар медиҳад.

Зимни шиносои оид ба имконият ва истифодаи технологияҳои ҳушманд барои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ маълумоти муфассал пешниҳод гардида, амали намудани ин таҷриба дар Тоҷикистон баррасӣ шуд.

Инчунин 27 ноябр ҳайати мазкур  бо фаъолияти  корхонаҳои истеҳсолии маҳсулоти хӯрокворӣ ва нӯшокӣ “Solfood” ва “FB Shinyoung”-и шаҳри Ҳесонги вилояти Канвон-дои Ҷумҳурии Корея  шинос шуданд.

Зимни шиносоӣ аз корхонаҳои истеҳсолии Ҷумҳурии Корея  масоили роҳандозии ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла ҷалби сармоя ва омӯзиши технологияҳои навин баррасӣ шуданд.


Ёдовар мешавем, ки ҳайати намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ва Минтақаи озоди иқтисодии Данғара дар нахустин Форуми ҳамкории ҳукуматҳои маҳаллии давлатҳои  Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея дар Сеул иштирок намуданд.

Зимни ҳамоиш масъалаҳои густариши ҳамкории  байниминтақавии Тоҷикистон бо минтақаҳои Корея баррасӣ шуданд.

Ба иштирокдорон дар бораи имконоти ноҳияи Данғара, аз ҷумла маълумоти муфассал оид ба Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» пешниҳод гардид.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея

Ноябрь 27, 2024 15:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳои Роғун, Ваҳдат, Файзобод ва Варзоб муаррифӣ карда шуд
Тоҷикистон ва Туркманистон ҳамкориро дар соҳаи саноати нассоҷӣ тақвият медиҳанд
Дар Вазорати молияи Тоҷикистон татбиқи лоиҳаҳои нақлиёту энергетика баррасӣ гардид
Дар Палатаи ҳисоб оид ба пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия машварат баргузор шуд
Дар Душанбе Протоколи ҷаласаи 14-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон ба имзо расид
Татбиқи лоиҳаҳои Бонки исломии рушд дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
БА ТАВАҶҶУҲИ РОНАНДАГОН! Набудани бимаи суғурта ва корти ташхиси техникӣ минбаъд тавассути дурбинҳо сабт карда мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Олмон дар самти рушди инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ гардид
Масато Канда: «БОР 1,1 миллиард доллари ИМА-ро ба татбиқи Стратегияи нави шарикӣ бо Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030 ҷалб менамояд»
Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «ITB Berlin 2026» муаррифӣ мегардад
Ҷаласаи чордаҳуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон баргузор гардид
Татбиқи «Стратегияи Бонки Осиёии Рушд барои Тоҷикистон дар давраи солҳои 2026–2030» оғоз мегардад