ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 ноябр, ҷумъа, 313-умин рӯзи соли 2024 аст

Ноябрь 8, 2024 08:00

8 ноябри соли 2011 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 8-уми Шурои назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳсозии фазои сармоягузорӣ баргузор гардид.

***

8 ноябри соли 2011 масоили ҳамкории Тоҷикистон ва Ҷопон дар самти мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир баррасӣ гардид.

***

12 сол пеш, 8 ноябри соли 2012 дар палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013» муҳокима шуд.

***

8 ноябри соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пекин дар ҳамоиши «Муколама доир ба таҳкими шарикӣ дар соҳаи ҳамбастагӣ» дар чаҳорчӯби ҳамоиши созмони Ҳамкории иқтисодии Осиё ва Уқёнуси Ором суханронӣ намуданд.

***

8 ноябри соли 2015 варзишгари тоҷик Шаҳриёр Даминов дар Чемпионати Осиё байни ҷавонон медали тилло ба даст овард.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ маросими рӯнамоии китоби шашҷилда ва луғати тафсирии истилоҳоти «Шашмақом» доир шуд.

***

8 ноябри соли 2016 масоили вақт ва дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Арабии Миср дар самтҳои гуногун баррасӣ гардид.

***

8 ноябри соли 2019 сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Фаронса бо маросими истиқболи расмӣ дар назди Қасри Елисей оғоз гардид.

***

8 ноябри соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Шарм-уш-Шайхи Ҷумҳурии Арабии Миср дар ҳошияи Иҷлосияи бисту ҳафтуми Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (КОП-27) бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш мулоқот намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2023 дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаласаи 21-уми прокуророни генералии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид. Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон дар ин ҷаласа дар мавзуи «Нақши мақомоти прокуратура дар таъмини навсозии давлат» суханронӣ намуд.

8 НОЯБР:

Рӯзи байналмилалии маҳфили зарифон.

***

Дар Чин – Рӯзи журналистика.

***

Дар Қазоқистон – Рӯзи омор.

 

Ноябрь 8, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 ноябр, панҷшанбе, 326-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 ноябр, чоршанбе, 325-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 ноябр, сешанбе, 324-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 ноябр, душанбе, 323-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 ноябр, якшанбе, 322-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 ноябр, шанбе, 321-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 ноябр, ҷумъа, 320-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 ноябр, панҷшанбе, 319-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 ноябр, чоршанбе, 318-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 ноябр, сешанбе, 317-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 ноябр, душанбе, 316-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 ноябр, якшанбе, 315-умин рӯзи соли 2024 аст