«ВАССОФИ ВАТАН». Имрӯз дар кинотеатри «Ватан» 12 нафар ғолибони фестивал-озмун муайян мешаванд
ДУШАНБЕ, 22.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 22 ноябр дар кинотеатри «Ватан»-и шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Фестивал-озмуни «Вассофи-Ватан» барои рӯзноманигорон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаи интернет доир мегардад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Хотиррасон менамоем, ки ин фестивал-озмун дар чор номинатсия — «Беҳтарин маводи насрӣ (мақола, ҳикоя, қисса ва ғайра)», «Беҳтарин ролики таблиғотӣ, барнома ё филми муаллифии кӯтоҳ», «Беҳтарин тарғибгари дастовардҳои миллӣ» ва «Беҳтарин тарғибгари мавзеъҳои сайёҳӣ» аз моҳи апрел то моҳи ноябр гузаронида шуд.
Тибқи Низомнома, дар он рӯзноманигорон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаи интернет (блогерон) иштирок намуданд.
Ҳадаф аз баргузории Фестивал-озмуни «Вассофи-Ватан» тарбияи эҳсоси ватандӯстӣ, ифтихор аз истиқлоли давлатӣ, эҳтирому муҳаббат нисбат ба Ватан ва расму оинҳои мардумӣ, тарғиб ва муаррифии дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ, шиносо намудани сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ бо табиати зебоманзари мамлакат ва эҳёи ҳунарҳои мардумию армуғонҳои миллӣ мебошад.
Фестивал-озмуни эҷодӣ дар асоси банди 27 «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024», ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, баргузор гардид.
АКС: АМИТ «Ховар»








Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Узбекистон доир мешавад
Хабарнигорони Қирғизистон дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху фарҳанги Тоҷикистон шинос гардиданд
НАВРӮЗИ ХАТЛОН. Фасли баҳор дар ин минтақаи Тоҷикистон пештар оғоз меёбад
Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Узбекистон баргузор мегарданд
САЁҲАТРО АЗ ВАТАН ОҒОЗ МЕНАМОЕМ! Ёдгориҳои таърихию фарҳангии Хуттали Қадим аз ҷиҳати аҳамияти таърихӣ ҳамто надоранд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо мақсади шиносоӣ бо дастовардҳои даврони истиқлол ва иштирок дар тантанаҳои наврӯзӣ ба Тоҷикистон ташриф овард
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳифзи Наврӯз – ҳифзи ҳувият ва худшиносии миллати куҳанбунёду тамаддунсози тоҷик мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳамчун ворисони аслии тамаддуни ориёӣ суннатҳои наврӯзиро минбаъд низ пос дорем»
КУЛОЛГАРӢ — РАМЗИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ. Анъанаи истифодаи зарфҳои кулолӣ дар Наврӯз то имрӯз боқӣ мондааст
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯз моро ба некиву накукорӣ даъват мекунад»
ГУЛҲОИ ВАТАН ДАР ЧАКАНИ МАН. Ин мероси пурарзиши ниёгон фарҳанг ва таърихи куҳани тоҷиконро инъикос менамояд
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯз ба ягон дину мазҳаб пойбанд нест»






