Вазири энергетика ва Сафири Ҷопон бо ҷараёни сохтмони Неругоҳи барқи обии «Себзор» шинос шуданд

Ноябрь 5, 2024 09:50

ДУШАНБЕ, 05.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо бунёди Неругоҳи барқи обии «Себзор» дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иқтидори умумии ширкати «Помир энерҷӣ» 25 фоиз баланд гардида, эътимоднокӣ ва сатҳи таъминоти барқ ба 220 ҳазор нафар аҳолии шаҳру ноҳияҳои вилоят беҳтар хоҳад шуд. Дар ин хусус зимни шиносоии Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа ва Сафири Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тосихиро Аики бо ҷараёни сохтмони Неругоҳи барқи обии «Себзор» иттилоъ дода шуд.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар сохтмони Неругоҳи барқи обии «Себзор» корҳо тибқи реҷаи муқарраршуда идома доранд. Дар айни замон аз ҷониби коргарону мутахассисони ватанӣ сохтмони сарбанди неругоҳ, дарвозаҳои обпарто, иншооти обтозакунӣ, толори мошинҳо ва дигар қитъаҳои иншоот идома дорад.

Неругоҳ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби шарикони рушд бунёд гардида, пас аз пурра мавриди истифода қарор гирифтани 3 агрегат бо иқтидори лоиҳавии 11 МВт фаъолият менамояд.

Дар доираи барномаҳои иҷтимоии лоиҳаи сохтмони Неругоҳи барқи обии «Себзор» то имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои вилоят иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуда, мумфаршнамоӣ ва чароғонкунии 4 километр роҳи мошингард, инчунин бунёди як мактаби замонавӣ дар ноҳияи Роштқалъа ба нақша гирифта шудааст.

АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Ноябрь 5, 2024 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд оид ба муаррифии имконоти сармоягузории минтақа форуми тиҷоратӣ баргузор шуд
Истеҳсоли неруи барқ дар Бадахшон қариб 5 баробар афзоиш ёфтааст
Тоҷикистон ва WIPO ҳамкориро дар соҳаи рушди инноватсия тақвият медиҳанд
Хайринисо Идрисова: «Дастрасӣ ба маблағи гранти президентӣ имкон дод, ки фаъолияти ҳунармандиямро васеъ намоям»
Панҷакент — яке аз аввалин шаҳрҳои Тоҷикистон, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ аз шаҳри аграрӣ ба саноативу аграрӣ табдил ёфт
Дар Душанбе оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 баррасӣ гардид
Дастовардҳои Тоҷикистон дар Форуми иқтисоди рақамии Созмони ҳамкории Шанхай-2025 муаррифӣ гардид
Дар ноҳияи Данғара корхонаи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ сохта мешавад
Имсол дар Бадахшон 45 корхонаву коргоҳҳои саноатӣ ба фаъолият оғоз намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи маҳдуди сатҳи вазирони иқтисоди СҲШ дар Чин иштирок намуд
Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон лоиҳаҳои соҳаи энергетикаро амалӣ менамояд
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон татбиқи ташаббуси ҷаҳонии «Global Gateway» баррасӣ гардид