Вазири энергетикаи Тоҷикистон дар Риёз дар чорабинии канорӣ оид ба диверсификатсияи манбаъҳои энергия иштирок намуд

Ноябрь 27, 2024 15:08

ДУШАНБЕ, 27.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 26 ноябр дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар ҳошияи Конфронси 28-уми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар чорабинии канорӣ, ки таҳти унвони «Диверсификатсияи манбаъҳои энергия: суръат бахшидан ба сармоягузории мустақими хориҷии лоиҳаҳои энергетикӣ ва маъданҳо» баргузор шуд, иштирок  намуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои об хабар медиҳад, Далер Ҷумъа ба ҳадафҳои калидии бахши энергетика, ки дар «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» муайян шудааст, ишора намуда, иброз дошт, ки расидан ба ҳадафҳои калидии бахши энергетика аз рӯйи консепсияи 10/10/10/10 амалӣ мешавад. Тибқи онҳо афзоиши иқтидори лоиҳавии низоми электроэнергетика ба 10 ГВт расонида хоҳад шуд.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги энергетикӣ буда, неруи барқ асосан дар неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мешавад. Истеҳсоли неруи барқ аз ҳисоби манбаъҳои барқароршаванда, аз ҷумла офтобию бодӣ дар ҳоли рушд қарор дорад.

Баргузории чорабинӣ дар пешбурди ҳамкорӣ ва ҷалби сармоягузории хориҷӣ ба лоиҳаҳои энергетикии ҷумҳурӣ муҳим мебошад.

АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 27, 2024 15:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»