Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба ниҳодҳои масъул барқиянома ирсол намуд, то ба мавсими сармо ҳамаҷониба омода шаванд
ДУШАНБЕ, 08.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба ассотсиатсияҳо ва ширкатҳое, ки дар соҳаи нақлиёт фаъолият доранд, барқиянома фиристода, хоҳиш намуд, ки барои пурра омода шудан ба фасли зимистон тадбирҳоро дар муҳлатҳои муайяншуда ба анҷом расонанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Тоҷиистон.
Тавре Агентии обуҳавошиносӣ қаблан иттилоъ дод, ҳавои моҳи ноябр дар ҷумҳурӣ сарду боронӣ пешбинӣ шуда, ҳарорати ҳаво аз меъёри муқаррарӣ 1-2 дараҷа пасттар хоҳад буд. Дар минтақаҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳӣ бориши бештар, дар водиҳо тағйирёбии ҳарорат аз сардиҳои шабона то гармии рӯз дар назар дошта шудааст.
Дар робита ба ин Вазорати нақлиёти мамлакат ба Ассотсиатсияи нақлиёти байналмилалии автомобилии Тоҷикистон (AIATT), Ассотсиатсияи интиқолдиҳандагони байналмилалии автомобилии Тоҷикистон (ABBAT), Ассотсиатсияи нақлиёти мусофиркашонии Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Холдинг Осиё Гурӯҳи Тоҷикистон» барқиянома фиристодааст. Дар он омадааст, ки воситаҳои нақлиётеро, ки таҳти назораташон қарор дорад, бо симтанобҳои кашолакунанда, занҷир барои чархҳо, таҷҳизоти зидди лағжиш, яхканак, инчунин гузаштан аз муоинаи техникии мавсимӣ, иваз кардани равғани муҳаррик ва дигар равғанҳои молиданӣ ва филтрҳои равған, моеи хунуккунанда, чархҳои тобистонӣ ба зимистонӣ таъмин кунанд ва ҳама тадбирҳои омодагӣ ба зимистонро дар муҳлатҳои муайяншуда ба анҷом расонанд.
Қаблан сохторҳои марбутаи вазорат вазифадор гардида буданд, ки вазъи омодагии роҳҳои мамлакат ва муассисаҳои нигоҳдории роҳҳоро ба мавсими сармо санҷида, хадамотҳои хизматрасони иншооти роҳу нақлиётро бо маводи зиддилағзиш, сӯзишвории дизелӣ, ангишт, ҳезум ва либоси зимистона таъмин намоянд.
Барои ин Гурӯҳи махсуси корӣ таъсис дода шуд, ки сохтмону таъмири роҳҳо ва тибқи қоидаҳои муқарраршуда ҳаракат кардани мошинҳои гаронвазнро дар роҳҳои автомобилгард назорат менамояд.
АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон








РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд
23 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Ҳавошиносони Тоҷикистон барои пешгӯии боду ҳаво аз моделҳои пешрафта истифода мебаранд
Эмомалӣ Раҳмон: «Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад»
Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ оғоз мегардад






