Вобаста ба ҳуқуқи меҳнат ва истифодаи меъёрҳои байналмилалии меҳнат вохӯрии минтақавии шарикони рушд доир шуд

Ноябрь 25, 2024 14:40

ДУШАНБЕ, 25.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон дар самти муносибатҳои меҳнатӣ санадҳое қабул гардидаанд, ки ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалӣ буда, ба баланд бардоштани сатҳи иҷтимоӣ, меҳнати шоиста ва таъмини шароити бехатару мусоиди кории кормандони соҳаи маориф ва илм равона гардидаанд. Чунин иброз гардид дар вохӯрии минтақавии шарикони рушд дар мавзуи «Нақши иттифоқҳои касаба дар баланд бардоштани маълумотнокӣ оид ба ҳуқуқи меҳнат ва истифодаи натиҷанокии меъёрҳои байналмилалии меҳнат дар Тоҷикистон».

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, рушди соҳаи маориф ва илм, дастрасӣ ба таҳсили босифат, баланд бардоштани мақоми омӯзгор, тақвияти ҳифзи иҷтимоии кормандони соҳаи маориф ва илм дар меҳвари сиёсати иҷтимоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дорад. Қабули ин қонун дар ҳаёту фаъолияти омӯзгорони Тоҷикистон шароит ва марҳилаи нав фароҳам меорад.

Инчунин дар вохӯрӣ саҳми Ташкилоти байналмилалии меҳнат дар масъалаи танзими муносибатҳои меҳнатӣ ва густариши шарикии иҷтимоӣ байни ҳукуматҳо, иттифоқҳои касаба ва корфармоён баррасӣ гардид. Санадҳои қабулкардаи он дар шакли конвенсия ва тавсияҳо ба танзими одилонаи муносибатҳои меҳнатӣ мусоидат менамоянд.

Танзими муносибатҳои меҳнатию амалишавии кафолатҳои иҷтимоии кормандони соҳаи маориф ва илм дар доираи шарикии иҷтимоӣ байни Вазорати маориф ва илм ва Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм дар доираи созишномаи соҳавӣ ба роҳ монда шудааст.

Иштирокчиён вобаста ба баланд бардоштани маълумотнокӣ оид ба ҳуқуқи меҳнат, низоми назорати меҳнат, таъмин намудани бехатарии меҳнат, фароҳам овардани шароити хуби меҳнатӣ ва роҳҳои беҳтар намудани низоми меҳнат бо назардошти манфиатҳои миллӣ ва байналмилалӣ ибрози назар намуданд.

АКС: Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 25, 2024 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамкориро бо Донишгоҳи Вестминстер густариш медиҳад
Маркази миллии тестӣ барои дастгирӣ ва осонии кори довталабон дар ИМД-и соли 2026 чӣ тадбир андешидааст?
Давраи якум (асосӣ)-и бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
То соли 2030 дар Тоҷикистон 800 муассисаи нави томактабӣ бунёд карда мешавад
Оид ба рушди индустриалӣ-аграрии Тоҷикистон конференсия баргузор гардид
Беш аз 15 ҳазор хатмкунанда бо шароити таҳсил дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон шинос шуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳаи Мадми ноҳияи Айнӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 бунёд карда мешавад
Имрӯз даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст мегардад
«Барномаи рушди таълиму тарбияи томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» таҳия гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ оид ба нақши осори Саттор Турсун дар адабиёти муосири тоҷик ҳамоиш баргузор шуд
Даври якуми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД 2026 оғоз мегардад
Дар Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд